Нашрияи Омӯзгор

Мақсад: Баланд бардоштани сифати таҳсилот

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар замони муосир бе баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳ ёфтан ба бозори меҳнат душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад  тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то мутахассисони дорои дониши мукаммалу рақобатпазир  ба бозори  меҳнат тарбия ва ба камол расанд.

Бо ин мақсад, барои таҳсилоти босифат бояд аз тамоми имкониятҳо  истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Бо шарикони рушд ҳамкорӣ дар ин самт яке аз заминаҳои ба даст овардани донишу малака, азхуд кардани техникаву технологияи муосир маҳсуб меёбад. Яке аз чунин шарикони рушд дар соҳаи маориф ва илм Иттиҳоди Аврупост, ки вобаста ба  ин  дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии таҳсилоти босифат», ЛОТ 1 ва ЛОТ 2    бо иштироки намояндагони  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, коршиносони соҳаи маориф ва илм барпо гардид. Он дар доираи Лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии  касбӣ ва таълим» гузаронида шуд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода аз ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ва фаъолияти гурӯҳҳои корӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд тайёр буда, дар ҳалли мушкилоти пешомада ҳатман ёрии амалии худро мерасонад.

Коршиноси масоили сиёсӣ оид ба корҳои таҳсилоти ибтидоӣ Галя Божанова  қайд  кард, ки лоиҳа дар доираи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1 татбиқ гардида, мутасаддиён кӯшиш менамоянд, саҳми худро дар рушди низоми муосири таҳсилот гузоранд. Лоиҳаи мазкур аз якуми феврали соли 2017 шурӯъ гардида, то 31 июли соли 2020 амалӣ хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи мазкур дар доираи   Стратегияи миллии рушди маориф ва амалишавии он то соли 2020 татбиқ  мегардад. 

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода қайд кард, ки  комёбиҳо дар ҳамкории мутахассисони  вазорат ва   ЛОТ 2 дар самти татбиқи лоиҳа ва амалӣ намудани талаботи вазифаҳои техникии лоиҳа хеле назаррасанд. Аз ҷумла, дар ин давра лоиҳаи низоми арзёбии ҳайати кормандон барои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим таҳия гардид.

Мутахассисони Иттиҳоди Аврупо ва дигар    коршиносони соҳа қайд намуданд, ки омӯзиши таҳсилоти ибтидоӣ бояд ҳамеша дар мадди назари масъулон ва кормандони соҳа қарор бигирад. Он бояд чунон ба роҳ  монда шавад, ки коромӯзон дар ҳама ҳолат касбҳои рақобатпазири бозори   меҳнатро азхуд  намоянд. Гуфта шуд, ки дар ин самт мебояд як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм бигиранд.

 

Ҳотами  Ҳомид,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш