Бо ташаббуси кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6-7 марти соли ҷорӣ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот дар воситаҳои электронии ахбор: дурнамо ва инкишоф» баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи он декани факултаи журналистика, дотсент Саъдӣ Исматов оид ба зарурати гузаронидани ҳамоиш сухан гуфт. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Академияи ВАО Зиннатулло Исмоилзода қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 феврали соли равон дар вохурӣ бо намояндагони ВАО-и кишвар гуфтанд: «Рӯзноманигорон сипари боэътимоди Ватан ҳастанд». Аз ин рӯ, мо бояд талош кунем, ки телевизиону радиоҳои кишварамон миллионҳо бинандаву шунаванда дошта бошанд. Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент Сангин Гулов иброз дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии журналистони ҳирфаӣ масъулияти азимеро бар дӯш дорад. Дар идомаи суханронии худ С. Гулов доир ба ҳаёту фаъолияти устоди факултаи журналистика, профессор А. Азимов маърӯзаи худро бо номи «Саҳми профессор А. Азимов дар таҳқиқи журналистикаи тоҷик» ба ҳозирин қироат намуд. Дотсент Илҳомҷон Ҳомидиён ҳангоми ироаи маърӯзааш-«Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун платформаи табодул ва таблиғ» гуфт, ки воситаҳои электронии ахбор ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо шуда, ҳамарӯза мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад. Профессор А. Азимов дар мавзӯи «Телевизиони «Тоҷикистон»: вазъият ва дурнамо» сухан карда, пешниҳод намуд, ки ҷиҳати рушду нумуи фаъолияти телевизион бояд чунин корҳо анҷом дода шаванд: ба шабакаи «Тоҷикистон» ҷалб намудани шореҳони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таҳияи барномаҳо дар асоси шартномаҳо (лоиҳа-проектҳо), пайдо намудани маблағгузор ва дар ин замина ҳавасманд кардани журналистон, даъвати рӯзноманигорони пуртаҷриба ва истифодаи донишҳои ихтисосии онҳо, даъвати мутахассисони варзидаи бахшҳои гуногуни журналистика аз дохил ва хориҷи кишвар, бастани шартномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон…
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр