12 март дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни 100-солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён таҳти унвони «қатра» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Хайриддин Идиев, ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев, ҳунармандон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Тавре Хайриддин Идиев иброз намуд, «нақши Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография дар рушди санъати кинои тоҷик хеле бузург аст. Бояд гуфт, ки асарҳои офаридаи хатмкардагони ин донишкада дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо шоҳҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд. Дастпарварони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ поягузорони мактаби кинематографистӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд».
Ҳамчунин зикр шуд, ки дастпарвари дигари ДДУК Борис Кимёгаров яке аз коргардонҳои маъруфи кишвар ба шумор рафта, дар эҳёи дубораи «Тоҷикфилм» саҳми назаррас гузоштааст. Филмҳои ӯ «Қисмати шоир», «Ҳасани аробакаш», «Дохунда», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» шуҳрати беандоза касб намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардоштанд. Зимни фестивал филмҳои кӯтоҳметражи донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода консерти муштараки донишҷӯён таҳти унвони «Дӯстӣ» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр