Бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва нашрияи «Омӯзгор» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Сабабҳои паст будани сифати таҳсилот ва омилҳои баланд бардоштани он» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он олимону пажӯ-ҳишгарон ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Суҳбати мизи гирдро президенти АТТ Ғуломқодир Бобизода ифтитоҳ намуда, дар бораи сатҳу сифати таълим ва беҳтар намудани он сухан ронд. Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим моро мебояд ба се омил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем: омӯзгори дорои қобилият ва ҷаҳонбинии васеъ, ки аз методҳои пешрафтаи муосири таълим дар дарс истифода мекунад, таълимгирандаи бомасъулият, ки пайваста ба омӯзиш машғул буда, бо дастури хуби таълимӣ таъмин аст.
Корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Сайидамир Аминов пешниҳод намуд, ки вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот бояд дар мактабҳо аз ҳисоби падару модарон гурӯҳи таҳлилию санҷишии сифати таълим созмон дода шавад, ки дар ҳайати он шахсони дорои ҷаҳонбинию тафаккури баланд ҷалб гарданд ва холисона дониши хонандагонро натиҷагирӣ намоянд. Барои рафъи камбудиҳо ва муайян намудани сатҳу сифати таълим танҳо фаъолияти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф басанда нест.
Инчунин, дар рафти нишаст андешаҳои мухталифу омӯзанда ва ҳадафманд ҷиҳати таъмин намудани сифати таълим аз ҷониби пажӯҳишгарону мутахассисони соҳа ироа гардид. Гуфта шуд, ки натоиҷи нишасти мазкур ба таври мушаххас ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод карда шавад. Дар он масъулин беш аз 50 пешниҳодро баҳри баланд бардоштани сифати таълим баён карданд.
Гузориши муфассал аз мизи мудаввар дар шумораи оянда пешкаши хонандагон мегардад.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр