Дар ҳақиқат, шахсияти омӯзгор, фарохои назару доираи фаъолияташ, маҳорати тарбиятгарию хориқаи таълимбахшиаш омилҳоеянд, ки дар ташаккули маънавии шогирдон нақши муассир ва тақдирсоз мегузоранд. Барои аз ин ҳама некуфазилатҳо бархӯрдор гаштан омӯзгорро мебояд, ки замоне аз омӯхтан фориғ набошад, таҷриба андӯзаду бо сабру таҳаммул бигаравад. Корномаи иддае аз омӯзгорони варзидаву номвари мо ин ҳақиқати бебаҳсро боз ҳам таъкиду собит мекунад. Дар радифи ҳамин гуна омӯзгорон қарор дорад устоди тозакору истеъдодманд, сарвари гимназияи рақами 53-и ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанбе Азизбек Боронов. Корномаи ӯ оинаи рӯшани фаъолияту хусусият ва шахсияти омӯзгори ҳақиқию фидокори ҷомеаи кунунии мост, ҷомеае, ки дар он соҳаи маориф афзалиятнок ва омӯзгор машъалафрӯзи ҷодаи фардо эътирофу тавсиф ёфта.
Ӯ дар як гӯшаи хеле зебову хушманзараи Тоҷикистони азиз – ноҳияи Дарвоз чашм ба олами ҳастӣ во кардаву дар муҳити маърифатбор ба камол расидааст. Ин порамарзи диёр бештар бо паҳлавононаш шуҳрат ёфта. Азизбек низ як ҷавони таҳамтан, чобуку ҳушёре буд ва аз ин рӯ, аксар ҳидояташ мекарданд, ки бо варзиш бисозаду идомабахши корномаи паҳлавонони маъруфи диёр бигардад. «Бо ин тану тӯш ва нерую дасту панҷаи гирое, ки ту дорӣ, ҳаргиз пуштат заминро нахоҳад дид, сарат ҳамеша боло хоҳад буд», - пайваста гӯшзад мекарданд ӯро ҳамдиёрон. Аммо Азизбек, ки аз хурдӣ дар омӯзиш кӯшову фаъол буду бисёр масоилро мустақилона, дар заминаи омӯхтаву мушоҳидаҳояш ҳаллу фасл карда метавонист, интихобе дигар кард. «Дар арсаи маориф ҳам метавон паҳлавонӣ кард, дар таълиму тарбия муваффақ будан низ паҳлавонист», - ба худ андешид ӯ ва бо азми комилу иродаи қавӣ, паҳлавонона (пас аз хатми Донишкадаи забонҳо) ба арсаи маориф ворид гашт. Фаъолияти омӯзгориашро соли 1990 оғоз бахшида, дар заминаи корсозиҳои пурсамар ва навоварию хушрафторӣ аз зинаи омӯзгори забон ва адабиёти рус то ба зинаи директори таълимгоҳ (мактаби №36-и пойтахт) расид, соҳибтаҷрибаю соҳибэҳтиром гашт ва дар қатори пешгомтарин омӯзгорони шаҳри Душанбе ҷойгоҳе шоиста пайдо кард. Аз ин рӯ, чун зарурати ба яке аз бонуфузтарин дабистонҳои пойтахт – гимназияи №53-и ба номи М.Маҳмудова роҳбаре арзанда дарёфтан ба миён омад, аксари масъулин номзадии Азизбек Бороновро ҷонибдорӣ карданд. Ҳамакнун соли ҳафтум аст, ки ӯ ин таълимгоҳи овозаманди шаҳрро сарварӣ дорад ва пайваста комёбиҳояшро афзун мекунад.
Паҳлавон ҳамеша довталаб аст. Азизбек Боронов илова бар фаъолияти густурдаю бомаром дар таълимгоҳ дар озмунҳои «Омӯзгори сол» - у «Директори сол» ва «Мактаби сол» борҳо ширкат варзида, ба пирӯзӣ расидааст. Барои ӯ «доимо фаъол будан зиндагист, зарби худро озмудан зиндагист». Дар чандин конфронси ҷумҳуриявию байналмилалӣ оид ба умдатарин масоили таълиму тарбия суханронӣ кардаву сазовори эътирофу ҷоизаҳо гардидааст. Аз ҷумла, маърӯзаи ин омӯзгори хушсалиқаро дар конфронси байналмилалии «Омӯзиш барои ҳаёт» (соли 2017) ҳозирини ҳамоиш – олимони номвари соҳаи педагогика «як асари мукаммалу пурсуди педагогӣ» номиданд.
Азизбек Боронов тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизонии ҷумҳурӣ борҳо суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба соҳаи маориф, ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас тақвият бахшидааст. Суханрониҳои ӯ перомуни фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ аз ҷониби бинандагони телевизион хеле хуш пазируфта шуданд ва дар тақвияти маънавии онҳо нақши муассир гузоштанд. Дар ДҶТИБКСМ Азизбек Боронов ҳамчун маърӯзагари фаъолу соҳибтаҷриба эътироф шудааст. Ин ҷо ӯ ба шунавандагони курсҳои бозомӯзӣ – директорони таълимгоҳҳо оид ба масоили мактабшиносӣ дарс мегӯяд.
Таҳти роҳбарии ин устоди тозакор гимназияи №53-и пойтахт солҳои охир маъруфияти бештаре пайдо кардааст. Шогирдони ин таълимгоҳ дар омӯзиш фаъоланду устодонаш дар таълиму тарбия навовар. Танҳо дар давоми шаш соли охир беш аз сад хонандаи гимназия дар даври шаҳрӣ ва беш аз бист нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактабиён ба пирӯзӣ расиданд. Дар давоми се сол се хатмкардаи гимназия соҳиби медалҳои тиллою нуқра ва аттестати аъло гардиданд. Гурӯҳи калони шогирдони таълимгоҳ узви фаъоли Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ ва ғолибони озмунҳои гуногуни байналмилалианд. Ёздаҳ нафар хонанда гирандаи стипендияи Президентӣ ва стипендияҳои раиси шаҳру раиси ноҳия мебошанд. Ду хонанда ба дарёфти дараҷаи номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон оид ба шоҳмот мушарраф гардидаанд…
Албатта, ин ҳама далелу арқом, ки тавзеҳи онҳоро боз ҳам метавон идома бахшид, пеш аз ҳама, иртиботе қавӣ бо маҳорати роҳбарию омӯзгории «Аълочии маориф ва илми ҶТ», «Аълочии фарҳанги ҶТ», дорандаи ҷоизаю ифтихорномаҳои гуногун Азизбек Боронов доранд ва собитгари онанд, ки ӯ, воқеан ҳам, паҳлавоне дар арсаи маориф аст, фаъолияти басо бавусъату пурбаракат дорад ва месазад, ки барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бошад.
А. Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр