Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф - таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи аҳолӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

Ба андешаи мо, дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳалли  масъалаҳои зерин бештар бояд диққат дод:

1. Муайян кардани самтҳои  муҳим  ва афзалиятноки  ислоҳоти соҳаи маориф  ва ҷудо намудани  маблағи махсус  барои татбиқи ислоҳот аз рӯи зинаҳои таҳсилот бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ  (маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, грантҳо), таҳия ва амалӣ намудани асноди меъёрии ҳуқуқии  мусоидаткунанда ба раванди ислоҳоти  соҳаи маориф бо назардошти татбиқи раванди  инноватсионӣ дар ҷараёни таълим ва ташкили корҳои илмӣ, илмӣ - методӣ, нашри китобҳои дарсӣ мутобиқи талаботи стандартҳои таҳсилот  ва  ҷаҳони муосир.

2. Мушаххас кардани марҳилаҳо ва нақшаи раванди ислоҳоти  соҳаи маориф, андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба  таъмини иҷрои босифати бандҳои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи  ислоҳоти соҳаи  маориф дар  ҳамаи зинаҳои таҳсилот (аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти баъди дипломӣ, курсҳои баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, таҳсили курсҳои такмили ихтисос бо назардошти омода намудани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба аттестатсияи навбатӣ, ки тибқи пешниҳоди Президенти кишвар, бояд ҳар  се сол як маротиба гузаронида шавад.

3. Такмил додани низом ва тартибу ташкили кор бо хонандагон ва донишҷӯёни болаёқат, интихоб ва ҷалби онҳо ба таълими иловагӣ, махсусан, бо хонандагони болаёқате, ки дар деҳот ва нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин зиндагӣ мекунанд ва таълим мегиранд, тартиби ҷалби онҳо баъди синфҳои 8-9 ба мактаб – интернатҳои  махсус барои хонандагони болаёқат, таҳия ва чоп намудани барномаҳои махсуси таълим барои хонандагони болаёқат.

4. Гузаронидани  ислоҳот  дар самти ташкили низоми  босифату таъсирбахши корҳои  тарбиявӣ, беҳтар гардонии фаъолияти корҳои илмӣ - тадқиқотии донишҷӯёни курсҳои болоӣ, аз рӯи  мавзӯъҳои илмӣ - тадқиқотии кафедраҳо бештар ҷалб намудани онҳо ба маҳфилҳои фаннӣ, хондани китобҳо ва мақолаҳои илмӣ, навиштани баромадҳо, корҳои курсӣ, рисолаи хатм, фишурдаи мақолаи илмӣ, мақолаҳои илмӣ.

5. Баҳо додан ба мазмуни стандартҳои таҳсилот ва барномаҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо назардошти татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ дар мактабҳои олии касбӣ, талаботи бозори меҳнат ва дурнамои бунёди  соҳаҳо ва ҷойҳои нави корӣ.

6. Мукаммалгардонии усулҳо ва принсипҳои баҳо додан ба имкониятҳои кадрии соҳаи маориф, натиҷаи фаъолияти онҳо аз рӯи индикаторҳои муайянкунандаи самараноки истифодаи вақт ва имкониятҳои кадрӣ дар шуъбаҳо ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

7. Ҷорӣ намудани низоми нави  идоракунӣ ва маблағгузорӣ дар  муассисаҳои томактабӣ, ки ба  беҳтар шудани сифати таълиму  тарбия дар  кӯдакистонҳо  мувофиқат кунад, беҳтар гардонидани фонди китобҳо ва дастурҳои таълимию тарбиявӣ барои кормандони  муассисаҳои томактабӣ (мураббиён), бо таври васеъ ба роҳ  мондани истеҳсоли бозичаҳо дар ҷумҳурӣ вобаста ба хусусиятҳои хоси миллӣ, ташкил кардани  савдои китобчаҳои  расмдор барои кӯдакони синни томактабӣ дар деҳот.

Ҳамзамон дар рафти  таҳлил маълум гардид, ки 1). Ҳоло ҳам  низоми қабул ва тайёр кардани кадрҳо ба танзим надаромадааст ва  дар тайёр кардани кадрҳои касбӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷудогона, ки аз тарафи  мактабҳои олии кишвар тайёр карда мешаванд, номутаносибӣ мавҷуд аст. Дар қабул ва  тайёр кардани кадрҳо аз рӯи ин ё он ихтисос талаботи  соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кам ба назар гирифта мешавад. Натиҷа ҳамин аст, ки аз рӯи баъзе  ихтисос дар якчанд мактаби олӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ донишҷӯ қабул карда мешавад, ки  шумораи онҳо  аз талаботи  соҳаҳои  хоҷагии халқи  мамлакат хеле зиёд аст. Бо мақсад мувофиқ аст, ки дар асоси талаботи  соҳаҳои  хоҷагии халқ (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) аз рӯи  ихтисосҳо ва  бо назардошти як миқдор захираи кадрӣ мутахассисон тайёр карда шаванд. 2). Мавҷуд будани сифати пасти таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бештар дар  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, суст будани назорат нисбат ба иҷрои  талаботи  сохтакорона вобаста ба сифати риояи иҷрои стандартҳои  давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои  таълимӣ, суст будани назорат аз рӯи риояи иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълим, андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба бартараф кардани талабот ва назорати сохтакорона аз рӯи иҷрои ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида. 3). Мукаммал набудани  усулҳои  баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, аз ҳад зиёд сода будани методҳо, санҷишҳои тестӣ.

Дар ин самт зарур аст, ки фаҳмиш дар бораи сифати таҳсилот, ташаккули индикаторҳои миқдорӣ, шуморавӣ, ҳисобҳо, ки барои экспертизаи сифати таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ лозим аст, дақиқ ва аниқ карда шавад. 4). Сустии рушди шаклҳои  мустақилона  омӯхтани фанҳо ва аз худ кардани дониш, кор бо китобҳои адабӣ, бадеӣ, ғайрифаъол будани  истифодаи адабиёт ва  маводи  иловагии  таълимӣ. 5). Мавҷудияти номутаносибӣ, (нобаробарӣ) дар байни  талабот дар  бозори меҳнат ва пешниҳоди хизматрасонии маърифатӣ.  Дар ин самт бояд бозори меҳнати байниминтақавӣ ва хизматрасонии маърифатӣ ташкил карда, дар бозори меҳнат ҷорӣ кардани ҳақдиҳӣ (пардохт) барои  қаноатмандии талабот ба  мутахассисони баландихтисос аз рӯи  ихтисосҳои камчин, ҷоннок кардани самти  касбият, омӯзиш аз рӯи супориш, ташаккул додани низоми супориши давлатӣ оид ба тайёр кардани мутахассиси касбӣ инкишоф дода шавад. 6). Паст будани  дараҷаи музди меҳнати  кормандони педагогӣ. Бо андешаи мо, дар ин  самт бояд ҳадди минималӣ ва миёнаи соатбайъ ва тарифҳои музди меҳнати кормандони  педагогӣ на камтар  аз дараҷаи миёнаи  музди  меҳнат  дар  иқтисодиёти мамлакат вобаста   аз сифат ва натиҷаи таълим, касбият ва дараҷаи илмии омӯзгор муайян карда шавад.

7). Нокифоя будани ҳолати ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ аз ҷониби кафедраҳо, паст будани сифати иҷрои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, бакалаврият ва рисолаҳои магистрӣ, такрор  ва  куҳна шудани  мавзӯъҳои интихобгардида барои иҷрои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, ба назар мерасад. Ҷалб намудани донишҷӯёни  курсҳои болоӣ ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ  аз рӯи мавзӯи кафедра бояд яке аз самтҳои муҳим ва ҳатмии фаъолияти кафедраро  ташкил диҳад. Дар ин ҷараён донишҷӯ  тарзи  навиштани корҳои курсӣ ва рисолаи хатмро  ёд мегирад ва шавқи ӯ барои иҷрои корҳои илмӣ зиёдтар мегардад. Номгӯйи мавзӯъҳо ҳар сол  бояд  бо назардошти  талаботи  стандарти  таҳсилот, раванди инноватсионии таълим  ва ҷаҳони  муосир  таҷдиди   назар карда шавад.

 

Зариф Шарифов,

доктори илми иқтисодӣ,

профессори ДАТ ба номи

Ш. Шоҳтемур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш