Нашрияи Омӯзгор

«Бухорои шариф» дастраси хонандагон гардид

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

9 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои матбуоти даврии тоҷик дар шароити инкишофи технологияи муосир» мизи мудаввар баргузор шуд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ мудири кафедраи радио ва телевизиони ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сангин Гулов иброз дошт, ки  имсол аз таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» 107 сол пур мешавад. Сипас, ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф», ки ба 11 марти соли 1912 рост меояд, ёдовар шуд. Мавсуф аҳли қаламро баҳри вазифаи содиқонаву созанда дар нигоҳдошти истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд. Баъдан муаллими калони кафедраи матбуоти ДМТ Қироншоҳ Шарифзод аз чӣ гуна дастрас намудани нусхаҳои электронии 53 шумораи боқимондаи «Бухорои шариф» аз Китобхонаи миллии шаҳри Тошканд ба номи Алишер Навоӣ ҳарф зад. Ӯ барои дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати шароит фароҳам овардан барои дастрас намудани нашрия изҳори сипос намуд. Дар вазъияти тантанавӣ фиттаи нусхабардоришудаи нашрияи «Бухорои шариф» ба мудири китобхонаи ДМТ супорида шуд.

Ба таъкиди мавсуф, аз 153 шумораи чопшудаи «Бухораи шариф», ки акнун ба алоқамандони матбуот баҳри таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои норавшани он фароҳам оварда шуд, ҳанӯз ҳам 2 шумораи он дастрас нашудааст. Аз 153 шумора 2 шумораи он ҳатто дар Китобхонаи миллии шаҳри Тошканд мавҷуд нест.  Бояд гуфт, ки то ин дам 100 шумораи «Бухорои шариф» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуд буд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти ДМТ Мурод Муродов  дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ дар шароити рушди технологияи замонавӣ» суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи классикии ахбори омма тӯли фаъолияти худ дар ташаккули афкори маорифпарварӣ, муборизаҳои сиёсӣ, таҳаввулоти иҷтимоӣ ва давлатдории миллӣ хидмати босазо ва мондагор кардааст. Бо пайдоиш ва ташаккули радиову телевизион, матбуот дар қатори ин расонаҳо дар таъмини ҷомеа бо иттилоот, ташаккули афкори иҷтимоӣ, тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетикии мардум нақши бориз гузошта, имрӯз низ ин рисолати худро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Аммо рушди техника ва технологияи замонавӣ ба вусъат пайдо кардани воситаҳои ахбори оммаи электронӣ мусоидат намуда, байни муҳаққиқон ва коршиносони соҳа андешаеро ба вуҷуд овард, ки гӯё давраи “ҳукмронии” матбуоти даврӣ паси сар шуд ва имрӯз рисолати худро ончуноне ки буд, иҷро карда наметавонад. Ба ин маънӣ, гумон мекунам, ки таҳдиди омилҳои техникиву технологӣ дар коҳиш ёфтани  мақоми рӯзномаҳо низ амри воқеӣ аст.

Дар идома вазъи дурнамо ва масоили тайёр намудани кадрҳои журналистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш