11 марти соли 2019 дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода иштирок карданд. Ш. Орумбекзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995 Рӯзи матбуоти тоҷик дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар хусуси марҳалаҳои таърихии рушди матбуоти тоҷик ҳарф зада, нақши рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ баррасӣ ва инъикоси муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф аҳли қаламро даъват намуд, ки масъулиятшиносонаву садоқатмандона дар баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа талош намуда, дар тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намоянд.
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода хидмати аҳли қаламро дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар вазъияти тантанавӣ барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ эълон гардиданд. Дар бахши матбуот устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон ва нависанда Зариф Ғулом ва дар бахши телевизион Умед Ҷумъаев рӯзноманигори Муассисаи давлатии «Телевизиони Баҳористон» ба гирифтани ҷоизаи мазкур шарафёб гардиданд. Мутаассифона, дар бахшҳои радио ва таҳқиқот дар соҳаи журналистика соли равон ягон нафар сазовор дониста нашуд.
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ва муайян кардани ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Агентии сол», «Шабакаи телевизионии сол», «Шабакаи радиоии сол», «Рӯзномаи (ҳафтаномаи) сол», «Маҷаллаи сол», «Сармуҳаррири сол», «Дастрастарин маркази матбуоти сол» Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон назарсанҷӣ гузаронида, дар Рӯзи матбуоти тоҷик ғолибон бо дипломи Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бино ба натоиҷи назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, ҳафтаномаи «Омӯзгор» нашрияи сол дониста шуд. Боиси ифтихор аст, ки соли дуюм аст, нашрияи «Омӯзгор» дар ҷумҳурӣ беҳтарин нашрия дониста мешавад. Соли гузашта, «Нашрияи соҳавии сол» эълон шуда буд.
Ҳамчунин, ба 2 нафар донишҷӯю дастпарвари факултаи журналистикаи ДМТ ва 1 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ супорида шуд. Инчунин, ба як қатор рӯзноманигорон нишонҳои «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали «100 – солагии матбуоти тоҷик» ва ифтихорномаву сипоснома тақдим гардид.
Шоистаи таъкид аст, ки 11 марти соли 1912 аввалин нашрияи миллӣ бо номи «Бухорои шариф» арзи вуҷуд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ин сана ҳамчун Рӯзи матбуот бошукӯҳ таҷлил мегардад. Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр