Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи фарзанд - шарти муҳим

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Оила муҳитест, ки кӯдак дар он марҳала ба марҳала ба камолоти маънавӣ мерасад. Дар хурдсолӣ кӯдакон бештар ба меҳрубонии падару модарон ниёз доранд. Падару модаронро зарур аст, ки тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, созандагони ояндаи ҷомеаро ба воя расонанд.

Кӯдак дар хурдсолӣ таҳти таъсири хислат ва рафтору кирдори аҳли оила буда, тарбияи хулқу атвори ӯ ба муҳит ва муносибату муоширати дохилиоилавӣ вобастагии зич дорад.

Аз рафтори кӯдак, тарзи сухангӯию суханпардозиаш аксаран мо, омӯзгорон, мушоҳида ва муайян менамоем, ки ӯ аз кадом оила аст ва маърифати иҷтимоию ахлоқӣ, фарҳангии ӯ дар кадом поя қарор дорад.

Агар волидон, аҳли хонавода бемаърифату камсавод бошанд ва нооромӣ, дағалию зӯроварӣ ва бемасъулиятӣ, муносибати дағалона дар хонавода ҳукмфармо бошад, кӯдак низ ин хислатҳоро қабул ва истифода мекунад ва дар ҳаёт ба душвориҳо дучор мегардад.

Хушбахтона, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кори мо, омӯзгоронро хеле осон гардонид.

Албатта, тарбияи комили фарзанд марҳилаи дуру дарозро дар бар мегирад ва аз ин лиҳоз, муҳим он аст, ки падару модар ҳама вақт дар тарбияи насли наврас саҳмгузор ва бо муассисаи таълимие, ки фарзандон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, робитаи зичи ҳамкорӣ дошта бошанд.

Сайёра Раҳмонзода,

омӯзгори мактаби №22-и  ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш