(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои №№9-11)
- Модар, одамкуш не, ҳимоятгари Ватан мешавам,- сухани модарро ислоҳ мекард духтар. Падар сар меҷунбонду ширин механдид. Чунин суҳбатҳои ҳаяҷонбахш зуд-зуд байни хонавода рӯй медод. Падар ҳамоно механдиду чизе намегуфт, ба истиснои як бор.
- Ҳоло то калон шуданаш духтари ман чанд касбро интихоб мекунад, зеро олами бою рангин дорад. Ин духтар барои «ман»-и худашро ҷустан бисёр талош мекунад, вале намедонам, ки дар охир муваффақ мешавад ё не, «ман»-ашро мепайдояд ё не?!
«Падар, дуруст мегуфтӣ, оҳ, дар номат ҷонам, падари бузургворам, чӣ қадар маро хуб омӯхта будӣ,-меандешид духтарак ва бо як дасташ мушаки компютерро бемақсад ин тарафу он тараф меҷунбонду ба монитор ба умед дида дӯхта буд, ки шояд ӯ биёяд. – Ман то ба ин сатҳ расидан азоби зиндагиро бисёр дидам. Чанд маълумот гирифтам, дар касбу вазифаҳои гуногун худамро озмудам, аммо «ман»-и худамро пайдо накардам. Ниҳоят, ба қалам рӯ овардам ва донистам, ки қалам ёри бовафои ман, ҳама дунёи ман ва ҳама ҳастии ман аст. Коғаз олами поки дастнохӯрдаест, ки ман тамоми орзуву умедамро дар он таҷассум мекунам, ба тасвир мекашам, хостаҳоямро бидуни мулоҳиза мегӯям. Ман шахси ҳарбӣ нашудам, ин шарафро надоштам, ки лаҳзае бо силоҳ Ватанамро мисли Гурдофарид аз душманон ҳимоя кунам, аммо ин шараф насибам гашта, ки бо қалам дар ҳимояташ истодаам, қалам аст силоҳи ман барои ҳифзи Ватанам. Худоё, шукрат, ки ин шарафи бузургро насибам гардондӣ…»
Бо садои омадани паёми компютер духтарак аз ҷо як қад парид. Хурсандона онро кушод. Бале, аз ӯ буд, аз худи худаш:
-Салом, умедворам, ки хубӣ. Бахшиш, паёмҳоятро беҷавоб мондам. Супориши таъҷилӣ шуд, аз шаҳр берун рафтем ва натавонистам посух диҳам. Аммо як лаҳза бе ёдат набудам. Боварам кун, дӯстат медорам, азизам ва инро худат ҳам хуб медонӣ…
Ҳамаи ранҷишу гумонҳои духтарак дар як лаҳза мисли бухори обе нопадид гаштанд ва қалбаш бо меҳр тапиду ба акси ошно дар монитор нигарист ва ангуштонаш ин ҳуруфро чиданд:
-Салом, афсари Ватанам, ман хубам, ту куҷоӣ, генерали диёри дилам?
-Афсари Ватан дар хизмати Ватан буд, то «Моҳ»-и Ватанаш дар осмони софу беабр нурафшонӣ кунад. Дар зимн, ман ҳоло генерал нестам, хеле заҳмат кашидан лозим, то ба он рутба бирасам.
-Шоир, оҳ, шоир, нишони донишгоҳи хондаатро намедиҳӣ, бисёр гапдонӣ… Инро бидон, ки дар оянда ҳатман генерал мешавӣ.
-Бовар мекунӣ, ишқ одамро сухандон мекунад, вагарна ман хеле камсухану ҷиддиам. Шеърҳоям ҳам фақат барои туст, зеро чанд сол боз шеър нагуфта будам. Бо дидани ту чашмаи илҳомам ҷӯш зад. Аз ин ба баъд фақат барои ту шеър мегӯям. Қаҳрамони ҳар шеърам туӣ, моҳи осмони дилам.
-Нопадид нашав дигар… Дил аз дурият ба танг омад. Ё фаҳмидӣ, ки дар дилам ҷо шудӣ? «Аввал худакма ҷо кунам, баъд бо ту чиҳо кунам?» Чанде пеш лаҳзае оромам намегузоштӣ-ку?!
Ин ҷумлаҳоро навишту пушаймон шуд ва андешид, ки шояд кори нағз накард. Набояд нишон медод, ки бе ӯ дилтанг шудааст, худашро бояд паст намезад. Вале тир аз камон ҷаста буд ва ҳарфи дили маъшуқ ба ошиқ расида. Духтараки аз фиребу найранг фарсахҳо дур ҳарфи дилашро содиқона гуфта буд.
-Азизам, баҳри ояндаи неку дурахшони наздикону пайвандон, ҳамватанон касе бояд аз умраш, ҷонаш ва саломативу хушиҳояш бигзарад, то дар хизмати Ватан бошад. Ман ҳаминам, ҳамин тавр қабулам кун, зеро ин самтро худам бо як ҷаҳон умеду орзу интихоб намудаам. Бароям азизӣ, ҳар лаҳза мехоҳам канорат бошам, аммо масъулияти маъмуриятам авлавият дорад, чунки ҳама талошам барои амнияти ин сарзамин аст. Барои он аст, ки ту ва дигар ҳамватанон саҳар бо дили шод ва дар фазои сулҳу амонӣ ба кор биравед. Ман ҳозирам ҷонамро фидо кунам, аммо дар фазои ин Ватан садои тир набошад, нохалафе ба мақсади нопокаш нарасад…
-Охир, ҳамеша дар Фейсбук медидамат-ку!? Ё самти коратро иваз кардӣ?
- Не, азизам, самти корам тағйир накардааст. Ман қаблан ҳам рӯзҳову ҳафтаҳо аз ҷаҳони интернет дур мешудам, аммо ту инро ҳис намекардӣ, зеро бароят шахси наздик набудам ва будану набуданам бароят муҳим набуд. Ҳозир ки дилбанди ҳам шудаем, як рӯз ғоиб буданам дар назарат мисли соле намуд… Узр, ки рӯиросту бепарда гуфтам. Мо, низомиён, бештар кӯтоҳ ва асли гапро равшану фаҳмо мегӯем. Ту ин нуктаҳоро фаромӯш накун, азизам. Барои доштани зиндагии оромамон мусоидат мекунанд,-ин навиштаҳои ҷавон духтарро ба ояндаи рӯшане умедвор менамуданд.
Ӯ бо ишқу муҳаббати саршор «смайлик»-и дилро ба генерали оянда ирсол намуд.
-Дили бонуи зебо қабул шуд, ваъдаи афсарӣ медиҳам, ки то ҷон дар тан дорам, то охирин нафас ҳифзаш мекунам! Бо эҳтиром: генерали оянда!
Дилафрӯз Қурбонӣ, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр