(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Дар он вақт амир ба қозӣ Бадруддин дастхат карда, надими дигар ёфта доданашро амр мефармояд ва дар илова мегӯяд, ки (айнан): “Шумо арз кунед, мо биёрем, мисли ҷавонмарги Шоҳин - кунад, хуб не, бадбахти ҷавонмарг баромада узод (гусел - А.С.) ҳам накард, ё ман бетоб гуфта, арз ҳам накард. Аслан мо аз кӯлобиву ҳисорӣ толеъ надоштем...” (ин дастхати амир баъд аз Инқилоби кабири Бухоро аз хонаи қозикалон ба даст афтод!) ... Оқибат дар соли 1311 ҳиҷрӣ (1894) (Шоҳин - А.С.) дар Шаҳрисабз ба рикоби амир аз пой мемонад... аз ин меҳнаткада абадӣ раҳоӣ меёбад, яъне, мемурад. (Синнаш тақрибан 35-36 буд, мегӯянд).” “... ва бо ҳамон ҳол ҳамроҳи амир аз Шаҳрисабз ба Қаршӣ омад... ва дар ҳамон сафар дар шаҳри Қаршӣ чашм аз оламе, ки барои ӯ бадтар аз зиндон буд, пӯшид. Ҷасади ӯро дар Поччохалил ном ҷой... дафн карданд” (Холиқ Мирзозода).
Ана ин аст сарнавишти талхи охирин классик ё ситораи шеъри тоҷик дар асри XIX Шамсиддин Шоҳин.
Садри Зиё дар сӯги Шоҳин он замон гуфта:
Аз ин раҳ басе ранҷу меҳнат кашид,
Ба олам даме рӯи роҳат надид.
Ҳолату аҳволи Шамсиддин Шоҳин дар рикоби амир ин масали машҳурро ба ёд меорад: “Дур нарав, ки гургам мехӯрад, наздик набиё, ки бадат мебинам” .
Забони сурху ҳунари воло ба сари Шоҳин кулфату балоҳо овард. Шоир ин ҳолати ногувору сангинашро ин тавр ба қалам дода:
Маро ҳунар ҳама сармояи сияҳбахтист.
Ва ё:
Зи рӯи забон меҳрубонӣ кунанд,
Вале кинаҳои ниҳонӣ кунанд.
Табиист, ки дар он синну сол (35) Шоҳин ҳаргиз фурсати мураттаб сохтани китоби ашъорашро надоштааст. Ҳарчанд ки эҷодиёти ӯ аз анвои ғазалу қасида, рубоиёту қитъаҳо, мусаддасу мухаммас, тарҷеъбанду таркиббанд ва достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии нотамоми “Туҳфаи дӯстон”, асари насрии “Бадоеъ – ус - саноеъ” ғанӣ, рангин ва пурарзиш мебошад. Ин “бепарвоӣ ё беэътиноӣ” ба гирд овардани осори эҷодии худ дар адабиёти классикиамон анъанаи дерин аст. Пас аз вафоти Шоҳин аз рӯи тадқиқоти профессор Холиқ Мирзозода ба гирд овардану мураттаб сохтани осори ӯ аз тазкираву баёзҳо, дастнавису ёддоштҳо ва хотираи ошиқони назм мухлиси вафодораш Мирзомуҳаммад Қобили Ғиждувонӣ (Савдоӣ) камар баста, барои иҷрои ин ният пас аз инқилоб ба Душанбе меояд. Вай дар ин роҳ чил соли ҳаёташро сарф карда, ниҳоят соли 1937 бо супориши шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ девони аввалини Шоҳинро тартиб медиҳад. Ин заҳмати шодравон Савдоӣ осори Шоҳинро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ то ҷое мераҳонад. Сипас муҳаққиқи пуркору заҳматкаш зиндаёд Холиқ Мирзозода бо нашри рисолаи мукаммалаш “Шамсиддин Шоҳин” (Сталинобод, 1956), дар шоҳиншиносӣ иқдоми устувор гузошт.
Соли 1960 бори нахуст бо кӯшиш ва эҳтимоми устод М.Раҳимӣ “Ашъори мунтахаб” - и Шоҳин бо ҳуруфи кириллӣ аз тариқи Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба дасти хонанда расид. Ва шеъри дилангези Шоҳин бо савту навои ҳофизон садо доду мавриди таҳқиқи олимони суханшинос қарор гирифт. Баъдтар зиндаёд Расул Ҳодизода дар шоҳиншиносӣ заҳматҳои судманд кашид ва нақши дурахшон гузошт. Бо ин ҳама беш аз чил сол дигар осори Шоҳин рӯйи чопро надид, гӯё фаромӯш шуд. Ин муносибати сард боз ҳамон мисраи пурдарди Шоҳинро ба ёд меовард:
Умрҳо шуд, ки малулам зи ғами
беватанӣ...
Чӣ метавон кард, ки сарнавишти фардҳои соҳибҳунару нодирагуфтор дар зиндагӣ ва пас аз марг ҳам баъзан азиятовару бебарор мешавад. Яке аз онҳо Шамсиддин Шоҳин аст, ки баъди хору зор ва бо “дидаи пуроб” ғарибмарг шудани ӯ аллома Аҳмади Дониш бо сӯзу гудоз гуфт:
Шамсиддин Махдум бирафту шеър
афтод аз паяш.
Донишманди замон Садри Зиё бо меҳру эҳтиром ҳунари нотакрори Шоҳинро дар марсияаш ин тавр сароид:
Назираш набошад ба рӯи замин,
Зи пайғамбари шоирон чорумин.
Зи ашъори ӯ нагзарӣ сарсарӣ,
Ки дар шеър бартар бувад з-Анварӣ.
Устод Лоиқ борҳо гӯшзад ва таъкид мекарданд, ки Шоҳин Лермонтови тоҷикон аст, аммо то ҳанӯз ӯро нашинохтаему ба қадраш нарасидаем. Зимнан, баъзе нигоштаҳои Шоҳин, аз ҷумла, асари мансури ӯ “Бадоеъ - ус - саноеъ” ва бисёр қасоидаш ба дасти хонанда нарасида буд.
“Бадоеъ – ус - саноеъ” – охирон асари Шоҳинро аҳли илму адаби Бухоро чун рӯйдоди тозаи адабиёт пазируфтанд. Вале хонандаи мо солҳои сол ба ном ва ҷумла - ҷумла пораҳои ин асар, ки саршор аз унсурҳои ҳаҷву истеҳзо, ифодаҳои пурнеш, рамзу истиора, таъбирҳои халқӣ, эътирозу нафрат, оҳу нола, дарду алам, ҳатто ҷо - ҷо ҳақорат ба риши замону ҳокимони замон аст, ошно мешуду бас. Ин асари пургунҷоиши хурд, ки ба қавли фузало: “Пас аз мутолиаи он ҷое механдеду ҷое ашк мерезед, дар “зиндон” - и дастхатҳо мехобид. Ҳайф буд, ки ҳаводорони каломи бадеӣ аз чунин сарчашма бебаҳра монданд. Банда аввал пора-пора ҷумлаҳои ин асарро аз тадқиқоти муҳаққиқони арҷманд Х. Мирзозода ва Р. Ҳодизода гирд овардам. Лекин дил мехост, ки матни комили он рӯи чопро бинад. Нусхаи комилро аз куҷо биёбам? Ба Пажӯҳишгоҳи дастхатҳо муроҷиат кардам. Онро аз говсандуқ бароварда нишон доданду бас. Яъне, мурод ҳосил нашуд, балки гап напухт. Бахти баргаштаи Шоҳин. Лекин донишмандони арҷманд Р. Ҳодизода ва К. Айнӣ бо олиҳимматӣ аз бойгонии хеш нусхаҳои “Бадоеъ - ус - саноеъ” - ро ройгон ба ман бахшиданд. Рӯҳашон гиромӣ бод! Вале беғалат аз ҳуруфи арабии форсӣ ба кириллӣ баргардондани матни дандоншикани «Бадоеъ – ус - саноеъ” кори осон набуд. Аз шоири донишманду хушсавод Абдулқодири Раҳим мадад пурсидам. Сипосгузорам, ки хоҳишро рад накард ва ин заҳматро бар дӯш гирифт. Бори аввал матни пурраи “Бадоеъ – ус - саноеъ” бо кӯшиши ӯ дар фаслномаи маҷаллаи “Садои шарқ” (7-12, 1998) ба табъ расид... Нияти нек барои ба чоп омода кардани осори пурраи Шамсиддин Шоҳин роҳ кушод.
Ин идеяро олими хатшинос Музаффар Муҳаммадӣ бо камоли шавқ пазируфт ва бо назари тоза ба гирд овардани осори Шоҳин камар баст. Чун қариб пас аз ним аср имкони чопи китоби шоир ба миён омада буд, бояд асарҳои парешону номатбӯи ӯ гирд овардаву ба кириллӣ баргардонда мешуд. Аз куҷо, бо кадом роҳ? Ин андеша ва ёфтани роҳи ҳалли он ба зиммаи Музаффар Муҳаммадӣ афтод. Ба гумонам, пешаи таҳқиқ ва ҳусни шогирдияш бо профессор Расул Ҳодизода нӯги гиреҳи мушкилотро кушод. Устод ҳангоми таҳқиқи зиндагӣ ва осори Шоҳин дар захираи дастхатҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон маводҳои фаровонро нусхабардорӣ карда будааст. Офарин! Аммо онҳоро медода бошад? Пас аз гуфтугӯҳо дар ҳузури вазири маорифи ҳамонвақтаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ширкати Музаффар Муҳаммадӣ, Абдулқодири Раҳим, Фаридун Ҳодизода ва банда бо устод Расул Ҳодизода машварати ошкоро баргузор кардем. Устод аз иқдоми нашри тозаи осори Шоҳин изҳори шодӣ карданд, лекин дар масъалаи додани маводҳои номатбӯъ пас аз каме андеша шӯхиомез гуфтанд:
- Дар ин замони мушкилу дами пирӣ пул бештар лозиму сарф мешудааст...
- Пардохти маблағи маводҳоро аз ман талаб кунед, домулло, - бо чеҳраи кушода гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода ва афзуд: - Ман ҳолати Шуморо мефаҳмам ва бо арзи сипос Шуморо розӣ мекунем... Дар он замон ҳам нусхабардорӣ бе пул намешуд... Дигар ин ки ин ҳиммату хизмати Шумо рӯҳи Шоҳинро шод мекунаду як гӯшаи адабиётро обод...
Росташ, ки ба қавли маъмул: “Ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид”. Зиндаёд Расул Ҳодизода ба аҳди худ вафо карданд ва Музаффар Муҳаммадӣ низ бо ғайрату муҳаббат “Куллиёт” - и Шоҳинро олимона таҳия намуд. Ин китоби зебо соли 2006 бо пешгуфтори Абдуҷаббор Раҳмонзода, мақолаҳои арзишманди Расул Ҳодизода ва мураттиб Музаффар Муҳаммадӣ ба ифтихори 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб аз тариқи нашриёти “Адиб” ба нашр расид ва барои ошиқони осори шоир ва шоҳиншиносони оянда армуғони арзандае шуд. Дар як ҷилд бо шарҳу тавзеҳ ба зевари чоп расидани осори комили Шоҳин. Дубора раҳидани дастхатҳо аз парокандагиву нобудшавӣ. Дар як гӯшаи шаҳри Кӯлоб ба муносибати 140 - солагияш пайкараи Шамсиддин Шоҳин қомат афрохт. Чи хубе! Муқими ватани бобоӣ шуд. Мақтаи шеъри Ҳабибулло Файзулло “Шоҳин”, - ӯ низ дар синни 35 ғӯрамарг шуда буд, - ба ёд омад:
Чу ба даврони гулу лола нишинем ҳама,
Ёди он Шоҳини маънӣ ба забон меояд.
Аз Бухорои шариф ҷониби Хатлони
куҳан
Пирамарде ба суроғи писарон меояд.
Баъд академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо номи “Шамсиддин Шоҳин ва суннати ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷик” рисолаи хуби тадқиқотӣ ба нашр расонд. Пасон, ноҳияи хушманзари Шӯроободро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин гузошт. Зимнан ба поси хотираи шахсиятҳои некном, фарзандони фарзонаи миллат, ки дар илму адабиёт ва давлатдорӣ саҳми дурахшон доранд, номгузорӣ кардан падидаи хоссаи замони Истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин арҷгузорӣ, бешак, ҳам рӯҳи фарзонагонро шод мекунад, ҳам ба худогоҳии насли имрӯзу фардо мусоидат менамояд. Ба номи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, аллома Аҳмади Дониш ва Алишер Навоӣ гузоштани боғҳо дар пойтахтамон – Душанбе шоистаи таҳсин аст.
Дар рӯзҳое, ки таҷлили 160 - солагии шоири ҷавонмарг Шамсиддин Шоҳин сурат мегирад, банда боз “Куллиёт” - и зебои ӯро мутолиа кардам. Шоири тавоно, рангинхаёл ва камназиру аз беқадрӣ шикастахотир. Дар ин “Куллиёт” низ баъзе пораҳо аз осори ӯ ба таъбири мураттиб “бо сабаби кӯтоҳии вақт...” ворид нашуда. Аз ҷумла, қасидаи Шоҳин ба Садри Зиё барои “Наводири зиёия”. Мурод аз ин гуфта он аст, ки имрӯз, хушбахтона, муносибатҳои фарҳангиву илмии байни давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳусни тоза гирифт. Ин имкон медиҳад, ки пажӯҳишгарони мо рафта, бо истифода аз захираи дастхатҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистони бародар осори Шоҳин ва дигар классиконро комилтар ба чоп омода созанду сарвати адабиямонро ғанитар гардонанд.
Шоҳин дар шеъре орзуи ниҳоияшро ин тавр баён карда:
Баъди марг аз ҳасрати дил ин қадар
умедворам,
К – аз шарори оҳ афрӯзад чароғе дар
мазорам.
Вале шеъри равону баланд ва осору шахсияти дилписандаш шамъи ҳамешафурӯзони ёди ӯ хоҳад буд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр