Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самт корҳо вусъат меёбанд.
Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, сохтмони 510 иншооти ҷашнии марбут ба соҳаи маориф дар ҳудуди вилоят давоми солҳои 2019-2021 ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 156 адад ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 63 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ, 169 бинои иловагии муассисаҳо ва 122 синфхонаи иловагӣ тааллуқ дорад.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмони иншоот дар назар дошта шуда буд. Махсусан, сохтмони бинои нави муассисаи давлатии таълимии томактабии №11 ва азнавбарқарорсозии муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ дар нақша буд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи ба номи Мирзо Турсунзода барои 320 ҷойи нишаст ва бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст аз ҳисоби буҷети вилоят дар солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шудааст.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ бунёди чунин муассисаҳо дар назаар дошта шудааст. Аз ҳама бештар дар ноҳияи Вахш сохтмони муассисаҳои таълимӣ - 50 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2021 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
С. АЗИЗӢ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр