Нашрияи Омӯзгор

Шуғнон дар ҷои аввал

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Қадамшоҳ Саидарабов оид ба натиҷаи баргузории олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагон иттилоъ дод, ки дар ҷамъбасти олимпиада ноҳияи Шуғнон ҷойи аввалро соҳиб гардид. Номбурда қайд  намуд, ки ноябри соли 2018 байни хонандагони синфҳои 10-11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ – ҷомеашиносӣ аз ноҳия 23 нафар хонанда ширкат дошт. Аз онҳо 6 нафар ҷои аввал, 8 нафар ҷои дуюм ва 2 нафар ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Дар олимпиадаи хонандагони синфҳои 6-9 аз 38 нафар хонанда аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, 11 нафар аз таърих,  ҳуқуқ, биология ва география, 9 нафар хонанда ҷойҳои 1,2,3 -ро соҳиб шуданд. Ду нафар дар олимпиадаи фанҳои математика, химия, физика ва технологияи информатсионӣ ҷойҳои 1 ва 2-ро сазовор шуданд.  Дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2018-2019 аз ноҳия дар олимпиада 61 нафар хонанда иштирок намуда, 38 нафари онҳо  сазовори ҷойҳои 1,2,3 гардиданд.

 Ҷ . Қозибеков, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш