Ҳафтаи гузашта муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон, собиқ нозири идораи мактабҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, мактабшиноси шинохта, устод Ҳикматулло Содиқов дар 81-солагӣ баъди беморӣ аз олам чашм пӯшид. Шодравон зиёда аз чил сол дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолияти пурсамар намуда, баъдан дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хидмат кардааст. Номбурда дар тарбияи омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта, баҳри пешрафту рушди соҳаи маориф хидмати арзанда намудааст. Хотираи неки Ҳикматулло Содиқов дар ёди дӯстону ҳамкорон ва устодону омӯзгорон абадан боқӣ хоҳад монд.
Гурӯҳи дӯстон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр