Нашрияи Омӯзгор

Дарси наврӯзӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Борҳо таъкид шудааст, ки забондонӣ аз фазилатҳои  барҷастаи ҳар фард буда, ба фарохии доираи назар,  фароҳам омадани имконоти фаровон барои мутолиа ва вусъати муҳити  муошират мусоидат мекунад.

Донистани забонҳо бо омӯхтани  таъриху анъанаҳои  халқҳо низ тавъам аст. Ҳамчунин,  бо омӯзиши забоне кас метавонад бо он  забон дар бораи миллати худ  ба дигар  халқҳо  маълумот диҳад, фарҳангу тамаддуни кишварашро тарғиб намояд.

Ҳар сол дар моҳи март ман як дарси  худро  ба тараннуму  ситоиши  Наврӯз мебахшам. Дар ин дарс бо роҳбарии ман  хонандагон оид ба Наврӯз, таъриху анъанаҳову махсусиятҳои  он бо забони  англисӣ байни  ҳам муколама меороянд, баҳс мекунанд, далелҳо меоранд, шеърҳо мехонанд.

Таъкид мешавад, ки  Наврӯз ҷашни байналмилалист ва ин мақомро  он соли 2010 соҳиб гаштаасту инак, қариб даҳ сол боз дар  саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Тантанаҳои  наврӯзӣ дар мамлакатҳои  англисизабон низ дар сатҳи  баланд баргузор мегарданд. Наврӯз аслан ҷашни  мардумони  эронитабор аст ва ба ин номаш низ гувоҳӣ медиҳад. Вожаи  Наврӯз дар забонҳои  дигар тавсифу  тавзеҳ меёбад,  лекин тарҷума намешавад, танҳо  ба забонҳои  гуногун тағйироти лаҳнӣ (овозӣ) мепазирад.

Хонандагон ҳангоми муколама бо ҳам  вобаста  ба маълумоти  қаблиашон  аз «Авасто», «Шоҳнома» ва аз ашъори  шоирони классики тоҷик мисолу далелҳо меоранд. Ҳар сол  рӯзномаву  маҷаллаҳои  ҷумҳурӣ дар ситоиши  Наврӯз гуфтаҳои  мухтасару  пурмаънии  бузургонро  ба нашр  мерасонанд. Ман қисмате  аз онҳоро  гирд оварда, бо иштироки  шогирдонам ба забони англисӣ тарҷума кардам. Акнун онҳо дар дарсҳои  забони  англисӣ ин гуфтаҳоро такрор мекунанд, тавзеҳ мебахшанд.

Як қисмати  «дарси наврӯзӣ»-и моро лаҳзаи  «ширу шакар» ташкил медиҳад. Дар ин бахши  дарс хонандагон ҳам  ба забони  тоҷикӣ ва ҳам ба забони англисӣ аз шоирони  тоҷик дар ситоиши Наврӯз байтҳо қироат  мекунанд.

Ба шогирдони худ ман  батакрор таъкид мекунам, ки  бо чӣ хусусиёту хилқаташ ҷашни  Наврӯз  мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Мегӯям, ки  ин ҷашн, пеш аз ҳама, тарғибгари некию накукорӣ, покию озодагӣ ва ҳамдиливу мададгорист. Ин  хусусиятҳо кулли мардуми  тамаддунпарварро  мақбулу пазиро  мебошанд. Ҳамчунин, Наврӯз таблиғгари мумтози  зебоиву зебоипарастист…

Дар дарсе, ки  ба Наврӯз бахшида мешавад, истифодаи расми  гулҳо ва гулҳои тару тоза, оростани гӯшаи  китобҳо оид ба  Наврӯз, намоиши манзараҳои  баҳории диёр (тавассути проектор)… хеле муфиду судманд хоҳад буд.

Ин дарс бо нидои  пурсурури  аҳли синф (бо забони англисӣ):

- Наврӯз муборак! ба анҷом мерасад.

Баҳринисо РАҲМАТОВА,

омӯзгори  забони англисии мактаби №19-и шаҳри  Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш