Солҳои бистуми садаи ХХ барои халқи тоҷик ва ҷумҳурии тозатаъсиси он айём басо печидаву мураккаб ва пур аз ҳаводиси гуногун буданд. Дар қабзаи тазйиқовари иқтисодию иҷтимоӣ, дар банди фишоровари ихтилофот қарор дошт кишвар.
Зимомдорони инқилоб, ҷонибдорони сохти нави сиёсӣ, масъулини сохторҳои ҳокимият барои устуворсозии пояҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф аз ҳама гуна неруву имконот пурсамар истифода бурдан мехостанд. Муҳимтар аз ҳама, барои татбиқи «инқилоби маданӣ», ба омӯзиш фаро гирифтани хурду калон, роҳандозии фаъолияти пурсамару густурдаи соҳаи маориф, дастгирии маънавии аҳли таълиму тарбия, пешниҳоди асноди расмӣ ва дастуру раҳнамоҳо тадбирҳои муассиру судбахш андешидан лозим буд. Албатта, неруи тавонову пешбар дар ин самтҳо таъсиси нашрияҳо дониста мешуданд ва аз ин ҷост, ки нахустин нашрияҳои ҷумҳурии Шӯравии тоҷикон маҳз дар ҳамин давраи тақдирсози таърих арзи ҳастӣ кардаву ба фаъолият пардохтанд. Ҳамбаста ба ин соли 1927 дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон – шаҳри бостонии Самарқанд нахустин маҷаллаи ҷумҳурӣ бо номи рамзомези «Дониш - биниш» ба нашр расид, ки муассису бунёдгузораш Назорати маорифи Тоҷикистон буд. Мардум, ба вижа, аҳли маориф таъсиси ин маҷалларо гарм истиқбол гирифтанд ва нахустшумораашро даст ба даст мегардонданду бо ҳавас варақ мезаданд. Маҷалла аз шумораи дувумаш «Раҳбари дониш» ном гирифт ва минбаъд дар солҳои гуногун бо номҳои «Инқилоби маданӣ» («Револютсияи маданӣ»), «Мактаби советӣ», «Маърифат» ба нашр расиду инак, беш аз даҳ сол мешавад, ки бо номи «Маърифати омӯзгор» пешкаши хонандагон мегардад.
Ин маҷаллаи бонуфузу донишгустар 90-сола шуд ва ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ чанд маҳфилу ҳамоиш ороста шуд, ки дар онҳо, пеш аз ҳама, нақши барҷастаю пурманфиати маҷалла дар дарозои солҳо дар соҳаи маорифи мамлакат таъкид гардиду аз хидмати бардавому бенуқсони он дар ҷодаи илму маорифгустарӣ ва маърифатмандӣ арзи сипос карда шуд.
Ба ифтихори солгарди маҷалла дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамоиши васеи идона баргузор гашт, ки дар он теъдоди зиёди маъсулини соҳаи маориф, муаллифону ҳаводорон ва алоқамандони маҷалла ширкат варзиданд. Ин ҳамоиш бори дигар собит ва таъкид кард, ки «Маърифати омӯзгор» дар радифи беҳтарин нашрияҳои кишвар қарор дошта, солҳои тӯлонӣ дар ҷодаи маърифатмандиву маърифатгустарӣ, раҳнамои ҷараёни таълиму тарбия, тавсифу ташреҳи методҳои омӯзиш, тарғиб, таҷрибаи судманд, баррасии навгониҳои соҳа, муаррифии олимону омӯзгорони мумтоз, арҷгузории илму дониш… хидматҳои шоставу самараворро фарҷом бахшидааст ва имрӯз низ ба анъанаҳои писандидаву файзбори худ содиқ асту марҳила ба марҳила, давра ба давра, шумора ба шумора муҳтавомандтару хонданитар мешавад, иртиботаш бо аҳли маориф бештар қавӣ мегардад, маҳбубияташ байни аҳли таълиму тарбия ва умуман, доираи васеи хонандагон боз ҳам меафзояд. Агар замоне китоби энсиклопедии «Солномаи маорифи Тоҷикистон» офарида шавад, саҳифаҳои зиёди он ба таъриху муҳтавою користони «Маърифати омӯзгор» бахшида хоҳад шуд. Ин нашрия як қисмати бузурги таърихи маорифи кишварро дар хеш таҷассум менамояд. «Маърифати омӯзгор» дар дарозои 90 сол корҳоеро сомон бахшидааст, ки ҳамсанг бо фаъолияти бардавоми як донишкадаи илмию пажӯҳишию методӣ мебошад. Таманнои онро дорем, ки дар солҷашни садумин солгарди маҷалла китоби таърихи онро (ки китобе хоҳад буд бузург ва пур аз ҳодисоти ибратбахшу гуфтори ҷолибу ҷозиб) рӯи даст дошта бошем. Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» дар саргаҳи маҷаллаҳои ҷумҳурӣ қарор дорад, маҷаллаест, ки ба тавлиди чанд нашрияи дигар (аз ҷумла, маҷаллаи адабии «Садои Шарқ») замима гузоштаву мусоидат кардааст. Дар ин нашрияи деринсол як гурӯҳ ашхоси маъруфу хирадманд ва фидокори арсаи донишу маорифу илму маърифат дар солҳои гуногун кор кардаву ба нуфузафзоиву маъруфияту маҳбубияти бештар пайдо бинмуданашон ҳиссаи мондагор гузоштаанд.
Имрӯз низ дар ин маҷаллаи қофиласолор як идда қаламкашони варзидаву соҳибистеъдод бо сарварии бонуи тозакору ғайратманд ва хушсалиқа Саида Набизода фаъолият доранд ва баҳри дар сатҳи баланду пурмазмун ва хуштарҳ чоп шудани ҳар шумораи он ҷидду ҷаҳди пайваста доранд.
Дар ҳамоиши идонае, ки дар боло зикр кардем, зумрае аз ҳаводорону ихлосмандону хонандагони маҷалла, масъулини соҳаи маорифу илм, олимони варзида, устодони номвар зимни суханрониҳои хеш аз мақому мартаба ва таъриху корнома, ҳамчунин аз мазмуну мундариҷаи маҷалла бо меҳру муҳаббат ҳарф заданд, ки овардани пораҳое аз суханрониҳо ба ифтихори 90-солагии «Маърифати омӯзгор» пеши муштариёни сершумори маҷалла чеҳраи хоси онро рӯшантар ба ҷилва хоҳад овард.
Нуриддин Саид - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» дар саргаҳи матбуоти соҳавии кишвар қарор дошта, ба қавле зоишгоҳи омӯзгорону нашрияҳои соҳа ҳам ҳаст. Маҷаллаи муаллимсоз аст ин. Дар тамоми умр масъалаҳои доғи рӯзро ба миён гузошта, рисолати худро иҷро кардаасту минбаъд ҳам мекунад он.
Фаъолияти маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» хеле ибратбахш аст. Маҷаллаи мазкур дар рушди ҷомеаи кишвар, ташаккули афкори навин, тарғиби ҳадафҳои давлат, пешбурди фаъолияти омӯзгорон, такмили забони адабӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва интихоби ҳадафҳои тоза нақши сазовор гузошта тавонистааст.
«Маърифати омӯзгор» миёни нашрияҳои соҳа бо мавҷудияти хеш дар солҳои тӯлонӣ мақоми устодиро дорад.
Фаъолияташ бардавом бод!
Масрур Абдуллозода – корманди бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, профессори ДМТ: - Фикр мекунам, дар пешрафти маориф ва рушду нумӯи соҳа нақши рӯзномаву маҷаллаҳои он назаррас мебошад. Дар ин миён нақши маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» бештар аст. Зеро ин маҷалла дар тамоми давраи фаъолият тақрибан бетанаффус чоп шуда, қофиласолори нашрияҳои соҳа гардид. Маҷалла нашрияи рӯимизии аҳли илму маориф буд, ҳаст ва мемонад. Он бинобар маводи методиву таълимӣ доштанаш вазифаи муаллимиро барои хонандагонаш иҷро кард.
Дар ин маҷалла аз устод Айнӣ сар карда, аксари адибону донишмандони тоҷик мақолаву очерк, тақризу китобиёт, хотираву мушоҳидаҳои худро доир ба мактабу маориф чоп намуда, масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯзро вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас баён мекарданд. Махсусан, устод Айнӣ ҳар як шумораи ин маҷалларо мутолиа карда, назару андешаҳои худро доир ба сатҳу сифати маводи маҷалла, мушкилоти соҳаи маориф ва беҳтар кардани тарзи таълим дар мактабҳои ҷумҳурӣ ошкоро баён намуда, якчанд мақолаи худро маҳз дар ҳамин маҷалла ба табъ расонидааст.
Бовар дорем, ки ҳайати эҷодии маҷаллаи мазкур дар роҳи интихобкардааш устуворона қадам ниҳода, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, дастуру супориш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф саҳми босазо гузошта, бо мақсади амалӣ сохтани ислоҳоти соҳаи маориф усулҳои наву замонавии таълиму тарбияи насли наврасро пешниҳод менамояд.
Мо аҳли эҷод ва кулли алоқамандони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» - ро ба муносибати ҷашни навадсолагии нашрияашон аз самими қалб табрик гуфта, умед дорем, ки дар идомаи анъанаҳои неки хеш дар тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф бештар саҳмгузор мегарданд.
Муҳаммадулло Лутф - академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:- Дар деги ҳамин маърифат ҳамаамон ҷӯшидаем. Маҷаллаи дӯстдоштанӣ ва хонданбоби мо «Маърифати омӯзгор» 90-сола шуд. Аз ибтидои сухан таъкид карданиам, ки «Маърифати омӯзгор» на танҳо маҷаллаи омӯзгору омӯзгорон ва умуман, аҳли маориф, инчунин, маҷаллаи рӯимизии аҳли илм ҳам мебошад. Ҳамчунин, маҷалла аз доираи илму маориф убур карда, масъалаҳои таърих, забон, адабиёт, фарҳанг, кайҳон, фанҳои дақиқ, хонавода, одаму одамгарӣ ва ғайраро фаро мегирад, ки ин, аз як сӯ, сабаби афзудани доираи васеи хонандагон, аз сӯи дигар, обрӯ, нуфуз ва мартабаи маҷалла мегардад.
Банда хушбахтам, ки 65 сол боз аз чароғи хиради «Маърифати омӯзгор» кошона равшан, дил гарм, ақл мунаввар месозам ва солаке бо амри Парвардигор буд ё тақдир ҷорӯбзани даргоҳаш будам.
«Мактаби Советӣ» дар замони Шӯравӣ хеле шуҳрат дошт. Аммо дар замони истиқлолият, ки акнун ба унвони нави «Маърифати омӯзгор» (аз соли 2006) ба нашр мерасад, ин шуҳрати он дучанд афзуд. Дар робита ба дархости замону ҷомеа ғоя, мазмуну муҳтаво, ҳатто шакли он тағйир ёфт. Он метавон гуфт, ба мактаби ҳақиқии омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, баланд бурдани такмили ихтисоси омӯзгорон мубаддал гашт, онро ҳамагон – омӯзгорон, хонандагон, устодону донишҷӯён, падару модарон, ҷамъи равшанфикрон меҷӯянд, меёбанд, мехонанд. Минбари баланду шоиста дорад «Маърифати омӯзгор». Орзумандем, ки «Маърифати омӯзгор» дар бобати коштану сабз намудани маърифат, ки сухани пешгуфтори он аст, байни оммаи васеи мардум, махсусан, омӯзгорон нақши калидӣ мебозад.
… Фаъолияти маҷаллаи шарафманди аҳли илму маориф – «Маърифати омӯзгор» идома дорад. Бешубҳа, то ба ҷашни тиллоии садсолагиаш он боз ба комёбиҳои навин, ба фатҳи қуллаҳои баландтарини илму маърифат мушарраф хоҳад гашт ва ҳамеша бо ин нидо маърифатхоҳону маърифатгустаронро ба оғӯши маърифатпарвари хеш даъват хоҳад кард:
Маърифат шаъну шараф эҳдо
кунад бар одамин,
«Маърифат» - парвар агар
бошӣ, биё, бо мо нишин!
А.Муродӣ
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр