Тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди инсон аз овони кӯдакӣ сар мешавад. Омадану иваз шудани фаслҳои сол дар пеши назари хурдсолон дунёи навро боз мекунад. Зеро ҳар як фасл хосияти ба худ хос дорад.
Шубҳае нест, ки ҳама фасли баҳорро зиёдтар дӯст медоранд. Дӯст доштани баҳор моро ба олами зебои табиат ҳидоят мекунад. Ин нукта дар осори адибони гузаштаву муосир бисёр таъкид шудааст. Устод Рӯдакӣ баҳорро фасли ҷавонсозандаи олам гуфтааст:
Шояд, ки марди пир бад- ин гаҳ
шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи
машиб.
Баҳор бо гул ва дарахтон зебост. Ҳар қадар ки мо гулу гиёҳ ва дарахтонро дӯст дорем, ба ҳамон андоза зиндагониамон зебо ва ганҷинаи табиатамон зиёд мешавад. Хонандагон бояд аз хурдсолӣ дарк кунанд, ки онҳо як узви табиат ва дар як вақт муҳофизи он ҳам ҳастанд. Ҷавҳари асосии тарбияи экологӣ ҳамин нукта аст. Мо ҳамчун инсон бояд дороиҳои табиатро ҳифз ва зиёдтар намоем. Шабнам, борон, жола, абр, туман, бухор ҳар яке вобаста ба худ арзиш ва аҳамияте доранд. Ин маъно дар осори олимони ҳаётшинос хеле равшан таъкид шудааст. Баҳорияҳои шоирони бузург ишорае ба мост, ки бояд дурандешу хушбин бошем. Умари Хайём гуфтааст:
Бингар зи сабо домани гул чок
шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок
шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул
Аз хок бурун ояду мо хок шуда.
Дар пайравӣ ба адибони гузашта шоирони адабиёти навини тоҷик ҳам шеърҳои баҳории пурмазмуне эҷод кардаанд, ки мо аз онҳо табиатдӯстӣ ва ободкорӣ меомӯзем.
Мактаби имрӯз аз ҳама гуна восита бархӯрдор аст ва омӯзгорон метавонанд бо такя ба ин имкон шогирдони табиатдӯсту ватанпарвар тарбия намоянд.
Амонбой ТУРДИЕВ,
омӯзгори мактаби №18-и
шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр