Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи бедории табиат мебошад ва он ифодакунандаи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, накуӣ бар зиштӣ аст.
Аз рӯи ҳисоб, албатта, Наврӯз ҷашни хуршедӣ буда, дар Бадахшон, махсусан, дар Шуғнонзамин аз рӯи тақвими махсуси хоси мардуми кӯҳистон, тақвими деҳқонӣ, Нишонҳисоб ҷашн гирифта мешавад. Баъди анҷоми чиллаи калон офтоб дар мард расида, ҳисоб аз нохун оғоз мешавад ва ҳамин ки ба дил расид, Наврӯз - Хидирайём ҷашн гирифта мешавад. Аз ин бармеояд, ки Наврӯз аз рӯи тақвими шамсӣ, яъне аз рӯи гардиши Замин дар даври Офтоб ба асос гирифта шудааст.
Наврӯзро бо суннату оинҳояш метавон ба як баҳри бекарон қиёс кард. Мо дар ин матлаб танҳо ба ойини чаҳор аносири он назар меандозем.
Чуноне ки Мавлавии бузург фармудааст:
Оби дарёро набояд дам кашид,
Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.
Як чиз аз хотир наравад, ки нахуст Наврӯзро дар Шуғнонзамин бо садои ғулғуладори даф истиқбол мекунанд. Даф рамзи Офтоб буда, тамоми деву дад, балою бадӣ аз садои он ҳаросида аз деҳа ба кӯҳу биёбонҳо мегурезанд.
Дар рӯзи такондани хона ва рӯзи баъди он соҳибхоназан дар оби чашма ё шаршараи деҳа ва ё дар оби дарё дасту рӯ шуста, дар ду зарф лаборез об гирифта, ба хона меорад. Баъди дуд кардани сипанд (страхм) обро ба дег рехта, аз Худованд бахту саодати аҳли хонаро таманно мекунад.
Ривоятест, ки бо борони раҳмат рӯҳи онҳое, ки аз Наврӯз то Наврӯз ин дунёро падруд гуфтаанд, ба замин мефарояд ва ба авлоди хеш аз нав мепайванданд. Орди дар оби борон хамиркардаро нон пӯхта, хурду калони хона онро тановул мекунанд.
Нафароне, ки гирифтори дарди пӯсту сабӯсаки сар ва дар тан бод доранд, зери борон луч истода, оби боронро ба ҳама ҷои бадан мемоланд.
Нақл мекунанд, ки дар гузашта мардумон сари чашма ва рӯдхонаҳо рафта, ба ҳамдигар об мепошиданд, ҷавонон якдигарро дошта, ба об мепартофтанд. Ин суннатро гуноҳшӯён мегуфтанд. Ин расм дар мардуми Ҳинд ҳанӯз ҳам роиҷ аст.
Ришсафедон мегӯянд, ки боди наврӯзӣ аз гарди гиёҳ муаттар аст, нафас кашидани он аз сад дорую дармон беҳтар аст.
Ҳикмате аст:
Аз боди баҳор баҳра бардор,
Аз боди хазон худро нигаҳ дор.
Аз Иди Наврӯз сар карда, самти вазиши бод дар маҳаллаҳо дигар мешавад. Деҳқонони таҷрибадор аз рӯи самти вазиши бод вазъи боду ҳавои маҳаллашро пешгӯӣ мекунанд.
Хок
Яке аз оинҳои муҳимму муқаддас дар асоси суннатии иди Наврӯз дар мардуми Шуғнонзамин ҷуфтбаророн аст. Соле, ки дар Наврӯз қитъаҳои замин ҷо-ҷо аз барф тоза шуда бошанд, ҳамин рӯз бо дарёфти соати саъд деҳқонон, ҷавонону пирон ба маросими говбаророн мебароянд. Говбаророн расму русуми хоси худро дорад. Ҷуфти говонро деҳқоне, ки ҳар сол аз замин ҳосили фаровон мерӯёнад, ба хонае, ки дари он дар ҳамин соат дар муқобили ситораи наҳс рӯ ба рӯ истода набошад, дароварда, шохони говонро равған мемоланд, баъдан ба шакли забон, чашм кулчаҳои пухташударо ба онҳо мехӯронанд. Аз хона говон тарзе бароварда мешаванд, ки касе аз пешаш набарояд. Баъдан деҳқони асил дар замини ҳамвор тухмӣ пошида, деҳқони ҷавон дар се хат шудгор мекунад. Пиру ҷавон бо шодию хурсандӣ сари ин замин кочӣ, ширбиринҷ, бат ё ширравғану шириниҳо оварда, ҳамагон онро тановул мекунанд.
Деҳқонон хоки шудгоркардаро кафмол мекунанд, то ки замини аз хоб бедоршуда соҳибашро шиносад.
Баъди иди Наврӯз деҳқонон ба замини хок мепошанд, то ки замин аз барф тоза шавад ва аз гармии баҳор баҳра гирад. Хоки бегонаро ҳам баъди иди Наврӯз ба сари замини корам мекашонанд.
Оташ
Оташ аз унсурҳои дигари Наврӯзӣ буда, мардум гулхан афрӯхта, гирдогирди он ҷамъ меоянд ва суруд хонда, рақсу бозӣ ва аловпарак мекунанд.
Рӯзи дуюми Иди Наврӯз кадбону барвақт хеста, дар оташдон алов мемонад. Аслан дар аввал барои гирондани алов аз чӯби дарахти арча ё сияҳбед истифода мекарданд. Гӯё дар ин рӯзи муқаддас дуди бегона ба хонаашон надарояд. Оташ тамоми балою касофатҳоро сӯхта нобуд мекунад ва аз дудбаро ба берун мепартояд. Як чизро бояд махсус зикр кард, ки оғози ҳамаи корҳои наврузӣ аз дуд кардани сипанд оғоз мешавад ва ҳар он чи барои истифода омода мешавад, аввал ба он бун (орди боқило) мепошанд. Бояд қайд кард, ки собиқаи иди Наврӯз кӯҳан аст. На ҳамаи расму оинҳои он таҳқиқу муайян шудааст. Бинобар ин, муҳаққиқонро зарур аст, ки сари масъалаи оинҳои наврӯзӣ ва эҳёи он бештар кор баранд.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр