Нашрияи Омӯзгор

Таровати дилошӯби Наврӯз

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ҳамаи ҷашнҳо таърихи баромад, марҳилаҳои рушд ва ҳадафу махсусиятҳои  худро доранд. Мо ҷашнҳои миллии худ Наврӯзу Меҳргон, Сада ва Истиқлолиятро ҳар сол бо шукӯҳу шодмонӣ дар сатҳи баланд таҷлил менамоем. Дар таҷлили ҷашнҳо таълимгоҳҳо фаъолияти бештар доранд.

Инро дар мисоли ҷашни Наврӯз низ метавон собит кард. Бахшида ба Наврӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёде баргузор карда мешаванд, ки ҷолибтар аз якдигаранд. Ба истиқболи ин ҷашни зебо тамоми мактаб ороста мешавад, қабои идона ба тан мекунад. Илова ба тантанаҳои асосӣ омӯзгорон дар дарсҳои ҳамарӯзаашон ба хонандагон аз ин ҷашн ёдовар мешаванд, вобаста ба мавзӯи машғулиятҳо ва дар лаҳзаҳои махсуси дарсҳо оид ба Наврӯз ба шогирдон маълумоти илова медиҳанд. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ бештар кунҷкобу кӯшоянд ва мехоҳанд, ки дар бораи ҳар чизу ҳар воқеа фаҳмиши зиёдтар дошта бошанд. Ин нукта ба ҷашни Наврӯз низ дахл дорад. Аз ин рӯ, ман аз оғози моҳи март дар лаҳзаҳои махсуси дарсҳоям ба шогирдон байтеро дар ситоиши Наврӯзу Баҳор қироат карда, мазмунашро шарҳ медиҳам. Аксаран бидуни супориши ман хонандагон ин гуна байтҳоро азёд мекунанд ва шарҳашонро ба хотир мегиранд ва дар ин замина зимни тафсири байте аз рӯи фаҳмишу дониши худ ба гуфтаҳои ман мулоҳизаҳояшонро замима мекунанд. Чанд мисол вобаста ба ин гуфтаҳо меорам. Масалан, дар дарсе ин байти машҳури Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ ба хонандагон қироат мешавад:

Омад баҳори хуррам бо рангу

бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши

аҷиб.

Нахуст вожаҳои барои хонандагони хурдсол  номафҳуми ин байт – хуррам, тиб, нузҳат, аҷиб-ро шарҳ медиҳам ва пас шодию нишоти омадани баҳорро бо тобишҳои рангину дилорои табиат тафсир мебахшам. Аз муҳити ба шогирдонам шинос мисолҳо меоварам. Байт ба хонандагон писанд меояд ва зери таъсири он чанд нафар мухтасаран ҳикоят мекунанд, ки бо омади баҳор деҳаашон ё шаҳрашон рангин мешаваду намуди дигар мегирад, зебою муаттар мегардад. Фарорасии баҳор, воқеан ҳам, тантанаи бузурги инсону табиат аст.

Байти дигар аз Саъдии Шерозист, ки чунин аст:

Алами давлати Наврӯз ба

саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи

сари мо бархост.

Бо шарҳи луғатҳои байт дар бораи мазмуни он ҳикоят мекунам. Шогирдон ба шавқ гӯш мекунанд, зеро нахуст бо шунидани ин байт ба чизе сарфаҳм намераванду ҳисси кунҷкобиашон боло мегирад.

Бояд гуфт, ки истифодаи чунин байтҳои классикӣ, аз нигоҳи баъзеҳо, дар синфҳои ибтидоӣ дуруст нест. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки махсусан, хонандагони синфҳои 3-4 метавонанд дар асоси шарҳу тафсири содаю фаҳмои омӯзгор ин гуна байтҳоро аз худ намоянд. Ин ба омодагии бештари онҳо барои омӯзиши адабиёт дар синфҳои болоӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари чунин байтҳо ман дар дарсҳоям аз эҷодиёти шифоҳии халқӣ ва аз баҳорияҳои шоирони муосир истифода менамоям.

Азизмо Файзова,

омӯзгори литсей – интернати

Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш