Нашрияи Омӯзгор

Паёмовари шодӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар байни аҳли ҷомеа ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад; одамони зиёдро  гирд меоварад он. Махсусан, дар  таълимгоҳҳо Наврӯз тантанаву шукӯҳи  барҷаста дорад.

Ин ҷо ғайр аз ҷашнвораи  асосии умумимактабӣ чанд дарсу вохӯрӣ, сабқату  озмун ва дарси  тарбиявӣ ба Наврӯз бахшида мешавад. Тақрибан дар тамоми синфҳо аз ҷониби  роҳбарони  синфҳо як соат дарси тарбиявӣ ба ҷашни Наврӯз эҳдо мегардад. Дар ин дарси тарбиявӣ, ки рӯҳияи  тантанавӣ ва идона дорад, омӯзгорони дигари мактаб, волидон ва меҳмонон ширкат меварзанд. Дарс бо руҷӯи таърихӣ  ба гузаштаи  пурғановати Наврӯз оғоз меёбад. Хонандагон либосҳои миллӣ  дар тан доранду гулдастаҳо дар даст. Дарс аз лаҳзаҳои  мусоҳибаи  наврӯзӣ, шеърхонӣ дар ситоиши Наврӯз, намоиши саҳначаҳо, иҷрои баъзе анъанаҳои  наврӯзӣ, бадеҳахонӣ… иборат  мебошад. Як лаҳзаи хеле  пурмаънию муассири   дарс «Тавсифномаи Наврӯз» ном дорад, ки  хеле ҷолиб аст. Хонандагон ба навбат ҳар яке дар тавсифи  Наврӯз вобаста ба маълумоти  аз омӯзгор, аз китобу рӯзномаву  маҷаллаҳо бадастовардаашон сухан мегӯянд. Чанд сухани шогирдонро ба гунаи  мисол меоварем.

- Наврӯз  мужда аз фарорасии баҳори  оламоро, айёми шукуфтанҳост.

- Наврӯз ҷашни  бостонии тоҷикон, далели таърихи  дерину  рангини халқи мост.

- Наврӯз паёмовар аз худшиносиву  худогоҳии  миллати  фархундаи  тоҷикон мебошад.

- Наврӯз тантанаи  бедорӣ, шукуфоӣ ва пояндагӣ эътироф шудааст.

- Наврӯз оини нуру сафо ва меҳру вафост.

- Наврӯз маҳзари бақо, самимият ва меҳру муҳаббат эътироф гардида.

- Наврӯз ҳалқаи  заррини пайванди гузаштаву имрӯз ва фардои  дурахшони  халқи мост.

- Наврӯз шоҳкитоби  миллати  тамаддунпарвар ва  сулҳдӯсту накуманиши  тоҷик аст.

- Наврӯз шиноснома ва саодатномаи  халқи шарифи  мо маҳсуб меёбад…

Хонандагон ин  тавсифномаро бо камоли ифтихору эҳтиром самимона, возеҳу бурро  ба забон меоранд. Аз  меҳмонони  дарси  тарбиявӣ  низ метавонанд чанд нафар ба ин тавсифнома илова бикунанд.

Лаҳзаҳои  дигари чунин соати тарбиявӣ  низ рангину ҷолибу  таъсиргузоранд. Метавон ин дарсро бо суруди умумие  дар бораи  Наврӯз  ё баҳор ҳусни анҷом бахшид. Масалан, бо шеъри  «Наврӯз муборак бод!» -и устод Лоиқ, ки бо байти зерин оғоз меёбад:

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз

муборак бод!

Эй чашмаи  ҷӯшида, Наврӯз

муборак бод!

Саломат САДИРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш