Нашрияи Омӯзгор

Мероси гаронбаҳои ниёгон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Боиси шукргузорист, ки ҷашни Наврӯз бо гузашти асру солҳо то замони мо ҳамчун як нишони тамаддуни халқи тоҷик омада расидааст. Ҷашни Наврӯз бузургтарин ва  куҳантарин  ҷашни  миллии  ақвоми ориёӣ буда, таърихи  қадима дорад.

Наврӯз гаронбаҳотарин мероси ниёгони халқи тоҷик, рамзи ваҳдату якдилӣ, пайғоми  ҳаёти нав ба оламиён, тарғибгари таҳаммул,  ҳамбастагӣ, якдилӣ ва  сулҳ, рукни  муҳими худшиносии миллӣ аст.

Агар ба таърихи Наврӯз назар афканем, таҷлили он 4–5 ҳазор  сол  қабл  аз ин  дар  Осиёи Марказӣ  ва давлатҳои  Машриқзамин  ба миён омадааст. “Наврӯз аслан вожаи тоҷикӣ - форсӣ буда, маънии луғавии он “Рӯзи нав” аст.  Наврӯз  ин баробар шудани шабу рӯз ва оғози  соли нав  ба ҳисобмеравад. Ба гуфти  ҳаким Умари Хайём “Ҳар ки рузи Наврӯз ҷашн кунад, то Наврӯзи дигар умр дар  шодӣ гузаронад...”Ҳатто иддае аз муҳаққиқон онро ба офариниши  Ҳазрати Одам(а) баробар  медонанд. Наврӯз ҷашни инсонҳои некманиш ва таҳаммулгаро аст. Он оини бедориву хушҳолӣ барои инсоният, эҳёи  ҳаёти нав ба оламиён аст. Наврӯз огози баҳор ва файзу баракати сол аст. Он оғози тақвими шамсист ва вобаста ба ин мавзӯъ рисолаву фолномаҳои зиёде вуҷуд доранд… Боиси сарфарозист, ки бо вуҷуди монеаҳои зиёд дар давраҳои гуногуни  таърихӣ, ин   ҷашни бузург аз ёдҳо, хотираҳо зудуда нашуд, балки бо рангу тобиши нав  ба ҷилва  даромад.  Ҷашни Наврӯз маҳз дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII мелодӣ) ба пояи баланд бардошта шуд. Сосониён, ки дар инкишофи фарҳанг ва ғун кардани сарватҳои маънавӣ бештар мекӯшиданд, ба танзими ҷашну оинҳо, ба зинаи сиёсати давлатдориашон бардоштани онҳо корҳои бузургеро анҷом доданд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати  Истиқлолияти давлатӣ  ин  ҷашни бостонӣ  эҳё ва ҷомаи навин ба бар кард ва  ҳар сол чун ҷашни муҳимтарини миллӣ бо шукӯҳи хосса пешвоз гирифта мешавад. Ин ҷашн чун мероси гаронмояи аҷдодӣ дар  рӯҳу  ҷон ва зиндагии мардумамон омезиш ёфтааст. Наврӯз кулли инсону мавҷудотро  рӯҳу равони тоза бахшида, онҳоро ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин бора Паёми Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Рӯзи байналмилали эълон кардани Наврӯз дар Маҷмааи кулли ин созмони бонуфуз паҳн карда шуд . Дар Паём гуфта мешавад, ки   “ҳамчун  рӯзи байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯз дар бораи дарки бештари аҳамияти ин  ҷашн на танҳо дар минтакаҳое, ки онро таҷлил менамоянд, балки дар саросари ҷаҳон шаҳодат медиҳад...” Инчунин, дар Паём зикр мешавад, ки халкҳо ва  мамлакатҳои чаҳон дар заминаи таърихи пайдоиш ва расму оинҳои тачлили Наврӯз роҳи сулҳ ва роҳи зиндагии осоиштаро пеш гирифта, зиндагии худро бо конунҳои табиат ҳамоҳанг сохта, муносибати мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон қавитар менамоянд.

Боиси фараҳмандист, ки соли равон дар фазои сулҳу субот, оромиву осудагӣ, созандагиву бунёдкорӣ мо ин  ҷашни бузурги миллиамонро таҷлил менамоем.  Бешубҳа, файзу баракати Наврӯз моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунад.

 

 Холмаҳмад  Холов,

саромӯзгори  Донишкадаи

 тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш