Нашрияи Омӯзгор

Рамзи паҳлавонӣ ва оини ҷавонмардӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бо сабқату тадбирҳои  мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию  човандозӣ,  роҳнавардию пойга, аспдавонӣ, гурӯғлисароӣ,  шатранҷбозию  чавгони болои  алаф... таҷлил менамуд. Яъне яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз аз ибтидо ташкили бозиву дилхушиҳо буд. Ба ибораи дигар, ҷашни Наврӯз бозиҳои миллиро  чун ҳамтақдири хеш бо гузашти асру солҳо то замони мо ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик оварда расонд.

Ҷашн бо ин тадбирҳои  оммавии  варзишиаш теъдоди  хеле  зиёде сомеъон  ва тамошобинонро  ба худ  ҷалб  месохт. Аз рӯи  анъанаҳои  асотири  қадима  дар  базми  Наврӯз паҳлавони сари  сол - ғолиби  майдон  муайян  карда  мешуд.  Аз ҳамин  боис  дар ҷашни  Наврӯз беҳтарин паҳлавонон  аз кишварҳои  ҳамҷавори  бо мо  дӯсту  ҳамсояи  Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон,  Эрон ва соир  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  барои  дарёфти  унвони  ифтихории ғолиби  асосии тавонои  сари сол  ташриф  меоварданд.

Махсусан, навъҳои нави мусобиқоти мардумӣ, аз қабили гӯштигирӣ, пиёдапойга,  аспдавонӣ, тирандозӣ, бузкашӣ,  шатранҷбозӣ, чавгони  болои  алаф  асоси  мусобиқаҳои  оммавии ҷашни Наврӯзро ташкил  медоданд.   Мардум  аз  қадимулайём ба бозиҳои  мардумӣ,   ба мисли лаклакбозӣ,  аспсаворӣ,  хирсбозӣ,  ҷайрабозӣ,  фасонагӯӣ, гурӯғлисароӣ, инчунин, ба нақлу  қисса,  ривоятҳои  ҷолиб  доир  ба  хусусиятҳои  родмардони асил ва паҳлавониҳои Рустаму Суҳроб, Исфандиёр ва Сиёвуш рағбати зиёд  доштанд.

Агар  мо  барпо  намудани  тадбиру  чорабиниҳои  Наврӯзро  ба бозиҳои  қадимаи  олимпӣ қиёс  намоем, пас  он  аз  ҷиҳати  теъдоди  иштирокчиён  ва  ҳатто  дар навъ ва  намудҳои варзишӣ  монандие  дорад. Тавре  ки  ғолибони  Бозиҳои  олимпии  қадим  дар  байни  давлатҳои   иштироккунанда ва ҳамсояҳо  эътироф мегарданд, ғолибони  чорабиниҳои  ҷашни Наврӯз ҳам ба мисли  онҳо бо  туҳфаҳои  хотиравӣ қадршиносӣ  ва  байни дигар давлатҳои  иштироккунанда  маъруф  ва шинохта  дониста  мешуданд.

Аз қадим инсоният  ба   паҳлавонон,  хосатан  мардуми  варзишкор маҳбубияти  ҳайрхоҳона  дошт, онҳоро чун  як навъ  пешво,  роҳнамо  ва азизи  халқи  худ эҳтиром менамуд. Байни  мардум  одатҳои  аҷоибе  буд, ки  агар  паҳлавони   таҳамтане  меҳмони  ин ё он  манзилу  макон  мешуд, ба  хотири  дидори  ӯ  ва ҳунари  волои  азалиаш  як  сар  чорворо  қурбон  карда,  беҳтарин  ашхоси  аҳли  назар, одамони  рӯзгордида, пирони  барнодили  нуктасанҷро  дар як радиф  бо ҳамсояҳо  лутфан   даъват  мекарданд, он  маърака  боиси  ифтихори  соҳиби  манзил  мегардид. Дар  деҳкадаву  маҳаллаҳое, ки  паҳлавонон  ба сар мебурданд, дар  кадом  хонае, ки  ягон хурсандию чорабинӣ ва тадбирҳои  мардумӣ барпо  мегардиданд, ҳиссаи паҳлавонро, албатта, мефиристоданд. Зикр бояд кард, ки  баргузории  чорабиниҳои  варзишии  базми Наврӯз аз се рӯз то ду ҳафта давом  мекард. Аз рӯйи  анъанаи  асотирии  санъати  волои  мардумӣ  одамони  сарватманди деҳа  қабл аз баргузории  ҷашни Наврӯз бо ҳам  омада, роҷеъ ба  таъсиси туҳфаҳои молию пулӣ барои ғолибон маслиҳат ба амал  меоварданд. Туҳфаҳо барои ғолибони тадбирҳои  ҷашнӣ  аз уштур, асп, барзагов, гӯсфанд, буз иборат буданд.

Дар оғози  ҷашни Наврӯз  рӯзи  нахуст бозии бузкашӣ  бо тамоми  рукну  санъати волои  мардумӣ  хотирмон сипарӣ  мегардид.  Рӯзҳои  дуюму сеюм  машғулиятҳои  аспдавонӣ,  пиёдапойга,  рӯзҳои  чаҳорум  ва  панҷум  сабқати суннатии  гуштингирӣ  баргузор мешуд...

Бомаврид аст, хотирнишон  кунем,  ки дар  тӯли  27 соли  соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадру  манзалати  варзишгарони  маҳораташон   хеле баланд нисбат ба солҳои  зимомдории давлати  абарқудрати  Шӯравӣ  даҳчанд боло  рафтааст.   Дар маъракаҳои Наврӯзи Аҷам  борҳо  мушоҳида  кардаем, ки  беҳтарин  гӯштигирони   кишвар,  аз қабили Неъматулло Арсонқулов, бародарон Алишер,  Рустаму Расул ва Абдулҳаким Боқиевҳо, Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров,  Хуршеду Рауф  Ҳукуматовҳо, Шералӣ Бозоров, Набимуҳаммад Хоркашов, Сайидҷамол Алимардонов, Фурқат ва Ҷумъахон Назриевҳо, Қурбоналӣ  Дадахонов, Комроншои  Устопириён ва Зиёратшоҳ  Баротов тавассути  зӯри  бозувони рустамонаашон  ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ гардидаанд. Ҳамин тариқ, идҳои Наврӯз ва Меҳргон, ки  аз  сарчашмаҳои  асотирии  санъати бостоноии миллӣ сарманшаъ гирифтаанд, дар ташаккул, сайқал  ва инкишоф ёфтани сифатҳои  ҷисмонии ҳалқҳои  Осиёи  Марказӣ  ва соири  мамолики ҷаҳон саҳми  босазое гузоштаанду мегузоранд.

Мавлон Шарифов,

  узви  Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш