Яке аз суннатҳои таърихии Наврӯз оростани хони наврӯзӣ мебошад. Ҳар кадоме аз аносири суфраи наврӯзи бостонӣ маънодор буда, реша дар суннатҳои қадимаи ниёгони мо дорад.
Аз маъмултарин анъанаҳои таърихии ҷашни Наврӯз, ки то замони мо пойдор мондааст, ороиши «ҳафтсин»у «ҳафтшин» мебошад. «Ҳафтсин» дар фаҳмиши одӣ номгӯйи ҳафт чизест, ки аввали номи онҳо бо ҳарфи С (Син) шурӯъ мешавад.Сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд аз ин қабиланд. Мардум пеш аз таҳвили сол ҳар кадоме аз ин ҳафтгонаро дар суфраи наврӯзӣ мегузоранд. Таърихи суфраи «ҳафтсин» бисёр қадима аст ва пайдоиши онро ба замони подшоҳии Ҷамшед марбут медонанд. Муҳаққиқону таърихшиносон низ дар хусуси муҳтавои суфраи «ҳафтсин» назару андешаҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов доир ба пайдоиши таърихи оини «ҳафтсин» чунин овардааст: «Дар суфраи наврӯзӣ ҳама чиз кинояомезу нишонвора аст ва ҷанбаи тамсилии «ҳафтсин» аз он иборат аст, ки табиатро ҳамчун офарандаи неки Аҳурамаздо ба таҳрику ҷунбиш дармеоварад, набототу гиёҳонро ба рушди боландагӣ вомедорад, эҳёи табиатро фароҳам месозад ва ба афзоиши хайру баракати замин,ки ягона манбаи парваришу самаровари маводи ғизоӣ мебошад, дар соли нави меомада мусоидат мекунад». Муаллифи китоби «Одоб ва русуми наврӯзӣ» Ризо Шаъбонӣ овардааст, ки «...адади ҳафт, ки аз замони қадим муқаддас буда, ишора ба ҳафт амшоспандон ва ё бузургтарин оини маздоясно дорад».
Умуман, дар бораи «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» ривоятҳои гуногун ҷой доранд. Бархе бар ин назаранд, ки дар гузашта аввал «ҳафтшин» аз маъруфияти бештаре бархӯрдор будааст. Аммо ба далели мамнуъ будани шароб дар миёни мардуми мусулмон ҷойи онро сирко гирифта ва ҳамин тавр «ҳафтшин» ба «ҳафтсин» табдил шудааст. Инчунин баъзе аз сарчашмаҳо аз мавҷуд будани гузинаҳои дигари «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», ба монанди «ҳафтмим»(мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу) дар аҳди қадим дарак медиҳанд.Соли 2014 низ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таҷлили ҷашни Наврӯз бар иловаи дастурхони «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», ҳамчунин дастурхони «ҳафтмим» бори аввал густурда шуда буд. Ин анъана дар дигар гӯшаву манотиқи кишвар ба ҳангоми таҷлил аз ҷашни Наврӯз анҷом дода мешавад.
Таҳияи Фаридуни УМАРБЕК,
корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр