Наврӯзро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода имсол дигаргуна – бо ҳузури иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Донишкадаи умумироссиягии Федератсияи Россия ба номи С. А. Герасимов ҷашн гирифтанд. Меҳмонон ҳамроҳи устодону шогирдони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар саҳни наврӯзгоҳи донишкада рамзу анъанаҳои наврӯзиро тамошо карданд. Ректори донишкада, узви вобастаи АИ ҶТ Хайриддин Идизода аз муносибатҳои дӯстона ва имзои созишномаҳою ҳамкориҳои минбаъда бо дӯстони ҳамтояшон аз Федератсияи Россия сухан гуфта, аз тавсеаи он изҳори боварӣ кард.
Ректори Донишкадаи умумироссиягии ФР ба номи С. А. Герасимов, профессор Владимир Сергеевич Малишев таассуроти худро доир ба рӯзҳои фарҳанг ва таҷлили ҷашни Наврӯз нек арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонон – устодони донишкадаи Россия дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода бори аввал дар назди факултаи театр, кино ва телевизион студияи радио ва телевизион кушода шуд.
***
Саҳни ҳавлии коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе низ идона оро ёфта буд. Барномаи фарҳангу фароғатии коллеҷ басо пурмуҳтаво буда, бо иштироки ҳунармандони Сирки давлатӣ, овозхони шинохта Иззат Шарифӣ ва бо қувваи дастаи ҳаваскорони муассиса ба ҷашн ҳусни дигар зам намуд.
Ташкили озмуни «Хони наврӯзӣ» байни факултаҳои коллеҷ, мусобиқаҳои гӯш-тини миллӣ, вазнбардорӣ, теннисбозӣ, дастхобонӣ, намоиши таомҳо ва либосҳои миллӣ аз чорабиниҳои дигари коллеҷ ба шумор мерафт.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр