Соли ҳафтум аст, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Мақсади асосии он баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд бо мақсади барои минбаъд ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар олимпиадаи мазкур, ки аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад, дар он донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1–5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Соли равон ба унвони Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар даври ниҳоии олимпиада аз 27 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати иштирок 248 довталаб дархост пешниҳод гардид.
15 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Баъди ду рӯзи сабқат ғолибони «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда, донишҷӯи курси чоруми факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзулло Исматов Шоҳҷоизаи олимпиадаро ба даст овард.
Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ба даст овардани ҷойҳои бештари ифтихорӣ «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуданд. Ғолибони олимпиада имконият ба даст оварданд, ки соҳиби имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD гарданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин, дарёфти ҷавонони боистеъдод дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ Академияи илмҳо ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд.
Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, академик Мӯсо Диноршоев ва дигарон низ дар бораи дастгириҳои Ҳукумату давлат барои рушди илми тоҷик изҳори андеша намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои омӯхтани илми муосир талош варзанд.
Таҳияи Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр