Теша Носиров дар деҳаи Мулиёви ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба дунё омадааст. Падараш Носир Аюбов баъди итмоми ҷанги Олмон ба шаҳри Кӯлоб омада, даст ба бунёдкорӣ мезанад.
Ӯ синфи 11-ро дар мактаби миёнаи рақами 3, ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба итмом расонида, бо дуои падар ба факултаи омӯзгории Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ҳуҷҷат супорид.
Айёми донишҷӯӣ мисли баҳоре гузашту ба омӯзишгоҳи касбиву техникии рақами 32-юми шаҳри номбурда роҳхаташ доданд. Роҳбарияти омӯзишгоҳ ӯро ба ҳайси мураббӣ пазируфтанд. Лаҳзае аз таълиму тарбияи шогирдон канор намерафт. Мудом дар ҳалқаи онҳо буд. Роҳбарияти кумитаи комсомолии шаҳр кордониву чоликии Теша Носировро ба инобат гирифта, ӯро ба кор даъват карданд. Акнун давраи ҷаҳду талошҳо барояш фаро расид. Мактаби ҷавононро ба маънои тамомаш писандид. Дар панҷ соли фаъолиятмандӣ тавонист, ки дар ин ҳайат соҳиби мавқею обрӯ гардад. Ҳар гоҳе падар номи фарзандашро ба некӣ мешунид, меболиду ба даргоҳи Офаридгор шукр мегуфт. Масъулон ӯро дар вазифаи пешоҳангӣ дидан хоста, ба сарварии мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Б. Ғафуров тавсия доданд.
Майдони фаъолият бо омӯзгорон барояш нав набуд. Ӯ медонист, ки соҳаи таълиму тарбия ва худи муаллимон ба чӣ ниёз доранд. Дар ин роҳ бо устодони собиқадор такя намуда, таҷрибаашонро омӯхт, ҳавасмандашон гардонд. Толибилмони болаёқатро ба ғамхорӣ фаро гирифт, сустхонҳоро ба онҳо вобаст намуд, робитаи волидонро бо мактаб қавитар сохт… Тӯли даҳ соли кор ба ҳамагон маҳбуб гашт. Айнан ҳамин гуна роҳбариро дар мактаби миёнаи рақами 9 ба номи К. Файзуллоев (солҳои 1992-2000) ба роҳ монд. Ному насаби Теша Носиров вирди забони аҳли маорифи шаҳру вилоят гашт.
Роҳбарияти маорифи шаҳр бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ӯро ба литсейи касбиву техникии рақами 32 (соли 2000) фиристоданд, ба даргоҳе, ки замоне дар он ҷо мураббӣ буд. Ин марди соҳибтаҷриба дар фаъолияти омӯзгорони литсей тарҳи нав андохт, сабку шеваи муносиберо рӯи кор овард, ки ба ҳамагон писанд афтод. Таъмиру таҷдиди синфхонаҳоро анҷом дода, мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб намуд.
Дар муддати 14 соли сарварӣ ба литсейи касбиву техникии рақами 32 устод Теша Носиров барои равнақи соҳаи маориф хидматҳои зиёде намуд. Бо расидан ба синну соли ниҳоӣ ин марди наҷибро ботантана ба нафақа гусел карданд. Вале…
Мақсад гузошт, ки барои таъсиси коллеҷи иқтисодӣ камар бандад. Собиқадори соҳаи маориф Теша Носировро давутозҳои зиёд пеш омад. Иддае «маслиҳат»-аш доданд, ки аз баҳри ин кор барояд. Аммо азмаш қавӣ буд. Дар интиҳо ӯ коллеҷи иқтисодиву техникии ғайридавлатиро бунёд гузошт.
…Соли сеюм аст, ки коллеҷи иқтисодиву техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб арзи ҳастӣ дораду ҳайати бузургеро ба ҳам овардааст. Дар ин боргоҳи маърифат ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таҳсил менамоянд. Онҳо дар ду факулта: молия ва иқтисод, энергетика ва сохтмон соҳиби ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ, муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, васл ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, сохтмон ва истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо мешаванд.
Коллеҷ дорои 8 синфхонаи барҳаво ва ҳуҷраҳои компютерии муҷаҳҳаз мебошад. Ба толибилмон 26 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин ҳисоб 3 нафар номзади илманд.
Дар коллеҷ ба масъалаи интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Коллеҷ аз сентябри соли таҳсили 2016-2017 ба шакли таҳсили кредитӣ гузаштааст.
Омӯзгорони коллеҷ баробари пешбурди таълим дар тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати устодон ва хушахлоқӣ саҳмгузоранд.
Имсол коллеҷи иқтисодиву техникӣ нахустин хатмкунандагонашро ба шоҳроҳи ҳаёт мегуселонад. Аз ҳоло барои таҷлили ин чорабинии фараҳбахш омодагиҳо вусъат доранд. Табиист, ки аз ҳама бештар бунёдгузор-муассиси он, собиқадори соҳаи маориф Теша Носиров серараддуд аст. Ӯ мехоҳад, ки шогирдонаш дар истеҳсолот ком-ёбу чирадасту пешрав бошанд.
Дар ҷодаи созандагиву барозандагӣ ба устод Теша Носиров пирӯзиҳо таманно дорем.
Сипеҳри ҲАСАНЗОД,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр