Нашрияи Омӯзгор

Раванди гузариш ба модели салоҳиятнокии таълим

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ҷаҳони имрӯза тақозо мекунад, ки хатмкардаи муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ба ҳаёти мустақилона омода бошад, таҷрибаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва маърифатии гирифтаашро дар ҳаёт истифода карда тавонад, тарзи дурусти муносибат, муошират, рафтор ва амалро интихоб карда тавонад.

Ташаккули чунин малакаҳо дар муносибатҳои анъанавии таълим, ки бо истилоҳ “омӯзгор дар меҳвари асосии фаъолияти таълим” ҷой дошт, озодии академии хонандаро то андозае маҳдуд менамуд, яъне, хонанда танҳо супориши омӯзгорро иҷро мекард. Вобаста ба ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) зарурати он ба миён омадааст, ки фаъолӣ, ташаббускории хонанда зиёд карда шавад, яъне, “дар меҳвари фаъолияти таълим-хонанда” бошад ва омӯзгор ҳамчун роҳбаладу роҳнамо фаъолияти хонандагонро арзёбӣ намояд.

Аз ин рӯ, ҷиҳати тағйири муносибат ба мундариҷа ва раванди таълим талаботи нав ба миён омадааст, ки он аз Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва нақшаи татбиқи он бармеояд. Дар ин санади муҳимми рушди соҳа навсозии мазмуни таҳсил, тағйироти сохтории соҳаи маориф, таъмини дастрасии таҳсилоти босифат вазифагузорӣ карда шудааст.

Дар Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълим, ҷиҳати  гузариш аз модели муносибатҳои анъанавӣ ба модели муносибати босалоҳият ба  нақша гирифта шудааст. Вазорати маориф ва илм бо мақсади татбиқи амалии модели муносибати босалоҳият дар таълим, пас аз гузаронидани озмоишҳои  даврӣ ислоҳотро аз моҳи сентябри соли 2016 дар синфҳои ибтидоӣ ва дар зинаи таҳсилоти асосӣ дар синфҳои 5-6 аз фанни забони модарӣ, математика ва технологияи меҳнат оғоз намуд.

Аз соли 2017 ҷиҳати ислоҳоти ҷории соҳаи маориф ва иҷрои бандҳои Стратегияи миллии рушди маориф вобаста ба татбиқи модели муносибати босалоҳият ба таълим, ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо шарикони рушд ба роҳ  монда шуд.

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1: “Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, таҳияи маводи таълим, банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва мониторинг’’ (Созишномаи ACA/2016/382-017), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, дар татбиқи амалии бандҳои марбутаи Стратегияи рушди маориф то соли 2020 саҳмгузор аст.

Фаъолияти Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 аз моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида, дар доираи вазифаҳои техникии барнома  ҷиҳати амалисозии модели муносибатҳои босалоҳият дар таълим  ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд. Як қатор маводи таълимӣ: стандарт, барнома, замима ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамо барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ (химия, биология, физика, география, технологияи информатсионӣ) таҳия ва чоп карда шуда, дастраси тамоми омӯзгорони ҷумҳурӣ (зиёда аз 23000 нафар омӯзгор) гардонида шуд. Ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзишҳо барои омӯзгорон 30 нафар коршинос (тренер)-и сатҳи миллӣ ва 210 нафар коршиноси (тренер)-и сатҳи маҳаллӣ омода  карда  шуданд ва онҳо бо истифода аз методи маъмулии педагогӣ “каскад” зиёда аз 23000  нафар омӯзгори ин фанҳоро тавассути ба роҳ мондани  омӯзишҳо бо роҳу воситаҳои татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим шинос намуданд. Ҳамчунин, бо дастгирии барнома “Модули муносибати босалоҳият ба таълим” ба теъдоди 40 000 нусха нашр ва дастраси омӯзгорону кормандони муассисаҳои такмили ихтисос гардонида шуд. Аз моҳи сентябри соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва моликият  омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар доираи меъёрҳои муносибати босалоҳият дар таълим ба роҳ монда шуд.

Вазорати маориф ва илм дар доираи ҳамкориҳо бо барнома омӯзиши омӯзгорони фанҳои равияи забонӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва арабӣ)-ро  дар доираи модулҳои таҳиянамудаи коршиносони сатҳи миллӣ дар нақша дорад. Аз теъдоди умумии омӯзгорони фанҳои забонӣ (зиёда аз 17000 нафар омӯзгор), то имрӯз зиёда аз 8000 нафари онҳо дар 2 марҳила аз омӯзиш гузаронида шуданд. Дар назар аст, ки то охири соли соли хониш  ҳамаи омӯзгорони ин равия аз омӯзишҳо гузаронида шаванд. Ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзишҳо дар мувофиқа бо вазорат 14 нафар ба ҳайси коршиноси сатҳи миллӣ ва 151 нафар ба ҳайси коршиноси сатҳи маҳаллӣ омода карда шуданд. Таҳияи стандарт, барнома, замимаҳо ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор аз фанҳои забонӣ ба анҷом расонида шуда, дар ташхиси коршиносон қарор доранд.

Ҷиҳати расонидани кумак ва дастгирии омӯзгорони фанҳои забонӣ низ, зиёда аз 17 000 нусха “Модули муносибати босалоҳият ба таълим” бо се забон нашр ва дастрас карда шуд.

 Дар ҷумҳурӣ барои татбиқи модели салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳои дақиқ ва равияи забонӣ  44 нафар коршиноси (тренер)-и сатҳи миллӣ ва 361 нафар коршиноси (тренер)-и сатҳи маҳаллӣ ҳамчун тренерони касбии тахассусӣ фаъолият менамоянд, ки масъулини раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи самараноки муносибати босалоҳият ба таълим аз неруи зеҳнии онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини дастгирӣ ва кумаки методии мунтазам ба омӯзгорон ва таҳлилу баррасии раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим 230 нафар ҳайати профессор ва омӯзгори муассисаҳои такмили ихтисос, 150 нафар корманди хадамоти методии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм аз семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд, ки бевосита дар самти табиқи муносибатҳои босалоҳият ба таълим мусоидат хоҳанд намуд.

Дар самти таҳия ва таҷдиди стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва замима ба китобҳо вобаста ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим гурӯҳи коршиносони сатҳи миллӣ бо муаллифон ва таҳиягарони китобҳои дарсӣ ҳамкориро ба роҳ монда, мунтазам вохӯрӣ ва машваратҳо гузаронида мешаванд. Зарур аст, ки ҳамкориҳо бо муаллифон ҷиҳати дуруст ва тибқи меъёрҳои муайяншуда таҳия намудани маводи таълим ба роҳ монда шавад, то ки маводи омодашуда дар ташаккули салоҳиятҳои таълимии хонанда мусоидат намояд. Дар ин самт таҳияи модулҳои таълимии умумифаннӣ (салоҳиятҳое, ки ташаккули онҳо дар ҳамаи фанҳои таълимӣ ҳатмист) ва модулҳои фанниро ба нақша гирифтааст, ки иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Омӯзгор бо истифода аз маводи таҳияшуда ва гузаштан аз омӯзишҳо бояд донад, ки кадом намуди салоҳиятҳо ва чӣ тавр, бо кадом роҳҳо ташаккул дода мешавад. Барои мисол омӯзгорро зарур аст, ки ҷиҳати ташаккули салоҳияти таълимӣ бештар ба усулҳои фаъоли таълим, проблемавӣ-модулӣ ва лоиҳавӣ-тадқиқотӣ такя намояд. Одатан хонандагон барои аз худ кардани фанҳои табиӣ - риёзӣ  мушкилӣ мекашанд, ки ин сабабҳои муайяни худро дорад. Донишҳои  барномавии ин доираи фанҳои таълимӣ асосан назариявӣ буда, барои дар амалия ва ҳаёт татбиқ намудани он ташкили шароити  муайян лозим аст. Воқеан, чунин шароити мусоиди таълим на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ таъмин мебошад. Бо вуҷуди ин  мушкилию норасоиҳо донишҳои назариявии хонандагон мукаммал карда шуда, дар заминаи он ҳалли масъалаҳои амалӣ ба роҳ монда мешавад.

Бинобар ин, ташаккули муносибати босалоҳият дар хонандагон ба бедор намудани ҳавасмандӣ ва ҳисси масъулиятшиносии хонандагон мусоидат намуда, бо истифодаи малакаву маҳорати  таълимӣ ва дар ҳаллу омӯзиши силсилаи масъалаҳо ва маводи амалию назариявӣ таъмини шароити мусоид муҳим аст.

Дар ин самт барнома дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки то охири соли хониши ҷорӣ 216 лабораторияи таълимӣ аз фанҳои химия, физика, биологияро барои 72 муассисаи таълимии такягоҳӣ харидорӣ ва дастрас намояд. Аз ҷониби вазорат номгӯи маводи зарурӣ ва таҷҳизоти лаборатории ин фанҳо ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод карда шудааст.

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 то соли 2020 дар доираи нақшаи ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати амалисозии ислоҳоти ҷории соҳаи маориф ҳамоҳанг намуда, гузариш ба муносибатҳои нави таълимро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд  ба анҷом расонад.

 

Н.КАБИРОВ,

ҳамоҳангсози БДТБ-1,

аз тарафи Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш