Нашрияи Омӯзгор

Айёми ҷавонист заминрову замонро

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Тоҷикон ҷашну анъанаҳои  зиёди таърихию миллӣ доранд, ки ҳама бо орзую омол, азму ният ва ҳадафҳои хайрхоҳонаи эшон ҳамбастаанд. Чун кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ комёб гашт, ҷашнҳои дерини миллат, ки зери чангу ғубори таърих мондаву маҳкуми ғаразҳои идеологӣ шуда буданд, рангу ҷилои тоза пайдо  карданд, эҳёву барқарор гардиданд.

Махсусан, се ҷашни  зебову дилорои  миллии мо -  Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз банди  фишорҳову  маҳдудиятҳо комилан озод  ва шодиафзои  мардум шуданд. Сиёсати миллатдӯстонаву тамаддунпарваронаи  Пешвои миллатамон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шукӯҳу шаҳомати бесобиқа  дарёфтани  Наврӯз мусоидат кард ва гузашта аз ин, боиси ҳамчун  ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани  он аз ҷониби  СММ шуду доираи  таҷлили Наврӯзро вусъати  беназир бахшид. Дар Паёми навбатиашон (26.12.2019)  Президенти Тоҷикистон  даъват намуданд, ки  баҳри мақоми  ҷаҳонӣ дарёфтани ҷашнҳои  дигари  миллии мо – Меҳргон ва Сада низ асноди  зарурӣ омода карда шаванд. Ҷашни Наврӯз, ки  баромади  бебаҳси  ориёӣ дораду  решаҳояш то ба  аҳди  бостон (то милод) мерасанд, воқеан ҳам, яке аз ҷашнҳои  пурғановаттарин  ва рангинтарини  саросари дунёст. Он ҷузъиёти гуногунеро ба ҳам  овардааст, ки тору пудашон аз ҳикмати волою  безаволи  «гуфтори нек, пиндори нек, рафтор нек» сиришта шудааст. Яъне, тантанаҳои  наврӯзӣ ҳамбастаанд бо муқаддастарин  орзуву  омоли  мардумӣ,  бо накукорию хирадгустарӣ,  бо серию фаровонӣ, бо сарсабзиву хуррамӣ, бо дӯстию рафоқат, бо тавоноию  пирӯзӣ, бо ободкорию бунёдсозӣ, бо пойдориву устуворӣ, бо аҳду вафо, бо файзу баракат.

Наврӯз бо фарорасии худ лашкари  ғамро мағлуб ва бонги  шодиро баланд мекунад. Ҳамагонро, тамоми мавҷудотро аз оғӯши  маҳвсози сармо берун мекашад ва бо  нафаси  гарми  хеш ба табиат  рӯҳи  тоза эҳдо менамояд. Наврӯз табаддулотсоз аст, замину замонро  ранги  дигар мебахшад, тозаю тар ва сабзу муаттар мекунад.

Наврӯз бадал кард ба дил

пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову

замонро.

Як ҷанбаи  муҳиму  омӯзанда ва тарбиятгари  Наврӯз он аст, ки  ин  ҷашни  дилафрӯз бо покизагию озодагӣ сахт тавъам  мебошад. Мардум ба истиқболи Наврӯз, пеш аз ҳама , кӯчаву барзан, ҳавлию хона, ашёи  рӯзгор ва либоси хешро тоза мекунанд. Покизагӣ ҷавҳари ин ҷашни миллии мост. Ба ифтихори Нааврӯз мардум, ҳатто  ба покизагии  ботинии худ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва мекӯшанд, ки дилашонро  аз кинаву ғараз, бухлу ҳасад пок созанд, болидарӯҳу осудатан бошанд. Байти зер, ки аз  халқияҳои  машҳур аст, то ҷое ин гуфтаҳоро тақвият мебахшад:

Фасли Наврӯз аст, моро аз

балоҳо дур кард,

Марду занро дур аз ғам,

ҷумларо  масрур кард.

 

Сайёра РАҲМАТОВА,

мутахассиси раёсати кадрҳои ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш