Илми ҳайъат яке аз рукнҳои асосии Наврӯз маҳсуб меёбад, зеро он дар урфи аксари қавму миллатҳо иборат аст аз ҳулули Хуршед ба бурҷи ҳамал ва ин ҳодиса дар дафтари таҳқиқи наврӯзӣ мабдаъ ё худ оғози ба ҳаракат омадани Коинот арзёбӣ шудааст.
Барои он ки ин масъала мушаххас гардад, бояд назаре ба илми ҳайъат андохт ва муайян намуд, ки мақсад аз ворид шудани Хуршед ба бурҷи ҳамал чист ва мабдаи олам будани ин рӯз чиро ифода мекунад? Илми ҳайъат, он тавре ки дар асрҳои миёна дар рисолаи «Ихвон-ус-сафо» баён шуда, аз се асли асосӣ - кавокиб, афлок ва бурҷҳо иборат мебошад. Аҳкоми нуҷум бошад, шомили солу моҳҳо, қиронҳо, саъду наҳсҳо, адвори кавокиб ва дигар масоилу воқеаҳои марбут ба фалаки таҳтулқамар аст, ки зимни баррасии онҳо инсон ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои номатлуби табиатро пешгӯӣ ва аз онҳо пешгирӣ мекард.
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан (Ҳусейн) мулаққаб ба Ҳаким Тирмизӣ (755 - 869) аз урфу одат ва суннату русуми аҷдодӣ, аз ҷумла, аз идҳои миллӣ ва суннатии сол иттилои комил доштааст. Ӯ аввалин шахсест, ки дар таърихи афкори фарҳангии форс-тоҷик таҳти унвони «Наврӯзнома» асаре таълиф намуда, аз ҷумла, дар он навиштааст: «Ман саду бисту панҷ сол умр ёфтам ва таҷрибаи бисёр кардам, то илми нуҷумро дарёфтам ва аҳкоми афлокро бишнохтам, манозили Офтобу Моҳро маълум кардам, соату замон ва дараҷоту дақоиқро дарёфтам. Таҷрибаи кулли солро аз саъду наҳс, хайру шар ва нафъу зар берун овардам. Ин китобро «Наврӯзнома» ном ниҳодам ва истихроҷи ҳар рӯз, дар он сол чӣ бошад ва чи далел кунад, навиштам…».
Пайдоиш ва ташаккули илми ҳайъат масъалаи доманадоре мебошад, вале мо вориди ҳамаи онҳо нашуда, аввал назари мухтасаре ба таърихи матолиби мавриди баҳс хоҳем андохт ва баъд ба се матлаби муҳим - суннати нуҷумии аҳди қадим, Низоми геосентрӣ (Низоми батлимусии олам) ва Назарияи гелиосентрӣ (Манзумаи шамсии олам), робитаи бурҷҳову фалакҳо аз олами малакут (ҷирмҳои осмонӣ) ва олами мулку шаҳодат таваққуф хоҳем кард, ки шарҳу тафсири онҳо посухе ба саволи дар боло гузошташуда хоҳад буд.
Он чи ба таърихи масъала дахл дорад, аз он иборат аст, ки анъанаи гузашта як навъ назарияи интиқоли маърифату амал, қонуну шаклҳо ва дигар унсурҳои ҳаётӣ ва умуман бозтоби зеҳнияти гузаштаи дуру фаромӯшшудаи инсонро, ки нақши пойи он дар ривояту устураҳо боқӣ мондааст, ифода мекунад. Он ҳамчунин метавонад усуле бошад, ки одамиро мутеи осмон (малакут) гардонад, ба унвони як моҳияти «фароҳиссӣ» амал кунад ва манбае бошад, ки падидаҳои табиат аз он нашъат хоҳанд гирифт.
Агар ба дунболи ин нақши пойи суннатӣ гузашта равем, маълум мегардад, ки ҳанӯз дар замони офариниш робитаи байни ҷаҳони моддиву муҷаррад ва олами мулку малакут дар бовару эътиқодоти ниёгони ориёии мо маълум будааст. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омада, ки Худованд дар рӯзи Наврӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавокиб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар аввали ҳамал буд. Шояд дар ин иттилои Деҳхудо иғроқ ҷой дошта бошад, вале бидуни тардид, метавон гуфт, ки худи ҷараёни офариниш вобастагию ҳамоҳангии оламҳои улвию сифлиро ба низоми мушаххас дорои хусусиятҳои амудию уфуқӣ баст дода буд. Ин низом, ки аз оини маздоии куҳан то дини зардуштӣ такмил ёфта буд, бо каме тағйирот мабнову бунёди офариниши қариб ҳамаи адёни иброҳимӣ қарор гирифт.
Дар «Авесто», «Бундаҳишн» ва дигар навиштаҷоти паҳлавӣ ваҳдату вобастагии ҷамеи коинот бо куллияи маротиби вуҷуд, интибоқи комили байни олами маҳсусу маъқул ва феълу инфиоли олами минуӣ бо олами гетӣ дар чаҳорчӯби бовару эътиқодоти аҳди қадим инъикос ёфтаанд. Ин масъала аз замони сайдию шикорӣ гузаштан ба ҳаёти соҳилнишинию муқимии аҷдоди мо шурӯъ шуда, дар тӯли таърихи салтанати чандинасраи шоҳони пешдодию каёнӣ идома пайдо карда, такмил ёфт ва аз мушоҳидаи одии ҷирмҳои мунири осмонӣ дар аҳди қадим то ба дараҷаи ситорашиносӣ ва илми ҳайъат сабзида расид.
Дар ибтидо ниёгони мо бо ҳодисаҳои мадду ҷазр ошноӣ пайдо карданд, сипас сабаби пайдоиш ё худ ивазшавии шабу рӯзро ҷустуҷӯ намуда, рӯ ба осмон ниҳоданд ва тадриҷан аз банди тасаввуроти астрологӣ ва илми ғайбӣ ё ваҳмӣ будани он озод шуда, ҳаракати афлокро сабаби ивазшавии на фақат шабу рӯз, балки иллати асосии тағйирёбии моҳу сол талаққӣ карданд ва зимни он бисёр падидаҳои муҳими ситорашиносиро низ кашф намуданд. Мунаҷҷимоне, ки дар дарбори шоҳони аҳди қадим бо касби ситорашиносӣ машғул буданд, аввал бештар масоили умумии ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, муайян намудани толеъи одамон, ҳодисаҳои саъду наҳс, қирони саъд ва падидаҳои кусуфу хусуфи Моҳу Офтобро муайян мекарданд, баъдтар ба омӯзиши масъалаҳои нисбатан мушкилтар даст зада, ба як қатор дастовардҳои илми ҳайъатшиносӣ ноил шуданд.
Дастовардҳои мазкур аз он иборат буд, ки то замони Зардушт мунаҷҷимон таъсири бевоситаи Моҳу Офтоб ба заминро пай бурданд. Онҳо муайян карданд, ки таъсири ин ду фалаки оташӣ ба тамоми аҷсоми олами таҳтулқамар, ки иборат аз ду навъ - сода (чаҳор унсур) ва мураккаб (маволиди сегона) мебошад, эҳсос мешавад. Гузашта аз ин, онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки нуфузи афлок дар саросари олами кавну фасод ҳукмрон аст. Ҳаракати аҷсоми самовӣ ба воситаи неруе бо номи нафси самовӣ сурат мепазирад, ки он ҳодӣ, роҳнамо ва иллати ҳаракати тамоми афлок ё худ гунбади сипеҳр айнан мисли нафсҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва нафси нотиқаи инсонӣ дар олами моддӣ мебошад.
Ҳошими Разӣ роҷеъ ба гирифтани Моҳу Хуршед, ки падидаи дигари нуҷумӣ мебошад, дар таҳқиқоташ чунин овардааст: «Гузаштагони моро тасаввур бар он буд, ки хусуфу кусуф ё моҳгирифтагӣ ва хуршедгирифтагӣ бар асари он аст, ки моҳи абохтарӣ ё моҳи сиёҳ ва хуршеди абохтарӣ ё меҳри сиёҳ худро миёни Хуршеду Моҳ аз як сӯ ва Замин аз сӯи дигар қарор медиҳанд ва ин сабаб мешавад, ки Меҳру Моҳ дида нашавад». Муҳаққиқи мазкур суханашро идома дода, аз ҷумла қайд мекунад, ки дар Эрони бостон боварҳо ва муътақидоти бисёр дар мавриди асароти вазъи Моҳу нури Хуршед бар зиндагиву рушди гиёҳию ҷонварӣ вуҷуд дошта, ки имрӯз ҳамаи он маъхазҳо, ҷуз куллиёти онҳо, дар даст нест. Агар ин масъаларо боз ҳам идома диҳем, ба матлабе хоҳем расид, ки мувофиқи он ҳатто ситорагони ҳафтгона ё афлоки сабъа асари худро ба андоми одамон (Зуҳал [Кайвон] ба нохуну пӯсту мӯй, Муштарӣ [Ҳурмуз] ба шараёнҳои раги ҷазбанда ва нутфа, Шамс [Меҳр] ба мағзу сару пай ва он чи аз тан сӯи рост аст) мегузоранд.
Ҷараёни хилқати Зардушт, ки тамоми боварҳои эътиқодӣ ва мафкуравии то замони худро дар хеш таҷассум мекард, дар як давра (сикл)-и дувоздаҳҳазорсолаи асотирии тақсимшуда ба чаҳор давраи баробари сеҳазорсола ғунҷонда шудааст, ки худ як мисоли равшани бар мабнои илми нуҷум созмон додани оламе мебошад, ки дар он муборизаву набарди неруҳои мутазод сурат мепазирад. Дувоздаҳ ҳазор соли устуравии мазкур, ки аз он нуҳ ҳазор солаш (дар се ҳазор соли аввали он ҷаҳон дар олами сукут буд) бо набарди қувваҳои нуру зулмат ва некиву бадӣ хоҳад гузашт, истинод ба 12 бурҷи сол ва фаро расидани Наврӯзро дорад. Он дар дини зардуштӣ таъйинкунандаи сарнавишт ва мудаббири ҷаҳони хокӣ мебошад. Чунонки баъдан хоҳем дид, солшумории авестоии қадиму ҷадид аз ҳамин нукта маншаъ гирифтааст.
Нуктаи боло ба он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз дар аҳди қадим, хусусан дар аҳди Ҳахоманишиёну Сосониён илми нуҷум (ҳайъатшиносӣ) дар ҳудуди Эрони Бузург (Айрана ваеҷа) то андозае тараққӣ карда будааст ва расадхонаҳое низ амал мекардаанд, ки дар онҳо мунаҷҷимон бо омӯзишу расадбандии ситораҳо, ҷирмҳои мунири осмонӣ ва ҳаракату абъод, ҳамчунин бо муайян намудани табиат онҳо машғул будаанд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқи эронӣ Бурузи Наҷмо дар аҳди қадим «Расадхонаи Зардушт» дар охирҳои ҳазораи 3 ва аввалҳои ҳазораи 2 то м. дар 45 километрии ҷануби шаҳри Сӯхтаи ҳаволии Сиистон оташкадаи бузург ва дар назди он расадхонае бо номи «Ҷовидон кат» амал мекардааст.
Расадхонаи мазкур соли 1962 тавассути бостоншиноси итолиёӣ ҳаффорӣ карда шуда, қисман таъмир карда шудааст. Вале бостошиносони итолиёӣ бо таваҷҷуҳ ба оташкада аз он фақат бо номи «сохтмони муқаддас» ёд кардаанд, вале корбурди воқеии расадхонаро собит карда натавонистаанд. Бурузи Наҷмо, ки баррасии муфассале дар бораи ин расадхона анҷом додааст, муътақид аст, ки дар аҳди бостон доираи нимрӯз ё нисфуннаҳори расадҳои қадим аз мавзеи Нимрӯз (ки имрӯз дар ҷанубу ғарбии Афғонистон ва ҷанубу шарқии Эрон қарор дошта, номаш ҳам чунин боқӣ мондааст), ба ҳаволии Сиистон мегузашта ва тамоми дастгоҳҳои солшумории Эронзамини бостон марбут ба ин Нимрӯз будааст. Нисфуннаҳори арабӣ низ ҳамчун истилоҳ аз ҳамин Нимрӯз гирифта шудааст.
Ба ибораи дигар, дар тасаввуроти ниёгони мо Нимрӯз дар маркази олам қарор гирифта будааст. Далели чунин тасаввурот аз он иборат аст, ки вақте дар Шарқу Ғарби олам Офтоб мувофиқан дар тулӯъ ва ғуруб бошад, дар Нимрӯз нисфи рӯз будааст. Муртазо Ҳунарӣ низ дар тақвияти фикри боло зикр карда, ки доираи расадҳои қадима воқеан аз Нимрӯз мегузаштааст ва Эрон, беҳтараш Сиистон дар васати марзҳои ховарию бохтарии ҷаҳон қарор доштааст.
Забеҳи Беҳрӯзӣ дар асари худ бо номи «Замони Зардушт» фикри ин ду нафар муҳаққиқони эрониро таъйид намуда, тӯли расадхонаро тақрибан 60 дараҷаи шарқии Гринвич ва арзи онро тақрибан 33,5 дараҷаи шимолӣ арзёбӣ намудааст. Алиакбари Ҷаъфарӣ дар бораи ин тӯлу арз чунин нигоштааст: «Он яке (яъне Гринвич) Осиё, Урупо ва Африкоро аз уқёнус ду ним мекунад, ин яке (яъне Нимрӯз) ҷаҳони обод ва шабу рӯзи он замонро аз тақрибан 70 дараҷаи шимол то 10 дараҷаи ҷануби хатти устуво баробар менамояд. Пас дуруст нофи ҷаҳон будааст».
Бурузи Наҷмо ҳамин нуктаро ба таври илмӣ баён намуда, аз ҷумла навиштааст, ки ҳангоми дар расадхонаи Нимрӯз Офтоб дар 62 дараҷаи шарқӣ қарор доштанаш, дар Шарқи Осиё (Япония) он дар 142 дараҷаи шарқӣ ва дар ғарби Африқо (Сангон) дар 18 дараҷаи ғарбӣ хоҳад буд, ки зовияҳои мазкур айёми равшании рӯз аст (142-62=80; 18+62=80) ва аз ҷазираҳои Курили уқёнуси Ором (182 дараҷаи шарқӣ) то ҷазираҳои Озури уқёнуси Атлас (28 дараҷаи ғарбӣ) низ айёми равшании рӯз мебошад. Нимрӯз дар миёни ин арзу тӯл қарор дорад. Аз ин рӯ, тайи ҳазорсолаҳо Нимрӯз мабдаи шохис ё худ нуқтаи «0»-и солшумории Эрони бостон будааст, вале чун ин масоил ба ғарбиён маълум набуд, баъди ташкили обсерваторияи Академияи салтанатии улуми дарёии Англия - Гринвич дар соли 1675 дар наздикии шаҳри Лондон шартан нуқтаи шохиси «0» ё худ маҳалли гузариши хатти устувои тӯли Замин қарор дода шуд.
Дар расадхонаи ёдшудаи Зардушт афзорҳои мушоҳидавии ҷирмҳои мунири осмонӣ, аз ҷумла асбоби ситораёбе бо номи устурлоб ёфт шуд, ки ба фикри Бурузи Наҷмо, он гувоҳи муътамаде дар бахши ихтироот то замони Батлимус мебошад. Меҳрдоди Баҳор ин дастгоҳро дорои се муттаҳидулмарказе бо 12 шуо медонад, ки ба 36 хона тақсим шуда, дар ҳар хона номи ҷирм (сурат)-и фалакӣ ҳамроҳ бо ададҳои марбута зикр мешудаанд. Бурузи Наҷмо аз расадхонаи дигаре бо номи «Нақши Рустам» воқеъ дар қисмати шимолии Тахти Ҷамшед иттилоъ дода, ки онро бештар бо номи «Каъбаи Зардушт» мешинохтаанд. Он аз замони Ҳахоманишиён сар карда то замони Сосониён фаъолият доштааст. Дар он мушоҳидаи гардиши Офтоб, нигоҳ доштани ҳисоби сол, истихроҷи тақсиму ташхиси рӯзҳои аввали соли моҳи хуршедӣ, инқилобҳои тобистонию зимистонӣ, эътидоли баҳорию тобистонӣ ва дигар масоили марбут ба илми ҳайъат тавассути ситорашиносону мунаҷҷимон анҷом дода мешудааст. Расадбандии ситораҳо бори аввал дар ин расадхона сурат гирифтааст. Дар паси пардаи ҳамаи ин таҳқиқу мушоҳидаҳо гардиши сол, фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз ва таҷлили он ниҳон буд.
(Давом дорад)
Муҳаммадқул Ҳазратқулов,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр