Муштаракоти зиёде байни Тоҷикистону Покистон вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо ҷашни Наврӯз мебошад. Ақвоми мухталифи ин минтақа барои ҳифз ва шинохти худ маросиму барномаҳои намоишии мардумӣ ташкил дода, дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.
Адиб ва рӯзноманигори машҳури Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (1916 - 1986) қайд мекунад, ки дар водиҳои дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосист. Аввал, намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон медиҳад. Дувум, тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат мегирад ва севум, оиладоршавии шоҳ.
Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун, ба мисли синдӣ, панҷобӣ ва сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хос мебошанд. Истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба монанди тоҷикон аст. Оғози баҳор зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии оянда умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Наврӯзро «Оламафрӯз» низ мегӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза мебошад ва вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф, ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳои худро бозкушоӣ карда, тамоми хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ибодатхонаҳо ва боғҳоро софу тоза ва чароғон мекунанд. Дар шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳфилҳои ғазалсароӣ бо иштироки ғазалсароёни машҳур ташкил менамоянд. Дар шаҳри Кувайта мардум кӯлчаҳо ва шириниҳо, ба монандӣ «расмалоӣ», «суҳон ҳалво» ва «барфӣ» пухта, якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон, аз ҷумла, Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳадя додани тухмҳои рангкарда ва боздид аз хонаводаҳои якдигар ва тамошои чавгонбозӣ аз анъанаҳои мардум дар фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз мебошад.
Дар миёни мардуми вилояти Панҷоб маросими «Ҷашни баҳорон» хеле маъруф аст. Дар шаҳри Лоҳур, ки зиёда аз 8 миллион нафар аҳолӣ дорад, дар фасли баҳор маросиме бо номи «Рӯзи Басант» ё «Ҷашнвораи парвози бодбодак» баргузор мешавад, ки мардуми шаб то саҳар анвоъи хӯрокҳо таҳия ва хурсандиву пойкубиҳо мекунанд. «Рӯзи Басант» ё «Ҷашнвораи парвози бодбодак» ҷашни хайрухуш бо фасли зимистон ва эълони даромадани фасли баҳор мебошад. Тибқи ривоятҳо, Басант дар асл Васанта мебошад, ки дар забони санскритӣ маънои баҳорро дорад. Аввалин маротиба бо ташаббуси Махараҷа Ранҷит ба муносибати фарорасии ин ид бодбодакбозӣ ташкил карда шуд. Ҳамасола мардуми Лоҳур бо шавқмандии зиёд ба ин ид омодагӣ мегиранд ва аз бузургтарин баргузоркунандагони ин ҷашн дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Мардум аз матоъ ё коғазпораҳои рангкарда, бодбодакҳои хурду калон сохта, зери садои мусиқӣ ҳавопаймобозӣ мекунанд. Барои ба парвоз омода кардани бодбодакҳои калонҳаҷм чанд нафар саҳм мегиранд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии
Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саҳфапайвандро
Абдурауф Муродӣ,
Насриддин Охунзода
ба чоп омода карданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр