Нашрияи Омӯзгор

Наврӯз бо анъанаҳояш зебост

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Наврӯз дар Бадахшон бо номи «Хидирайём»  ёд мешавад. Чун дар дигар шаҳру навоҳии мамлакатамон ин ид дар ВМКБ низ бо шукӯҳу ҷалоли тоза ва тантанаҳои давомдор таҷлил мегардад.

Дар ин рӯз пухтани таомҳои миллӣ, ҳамдигарро шодбош гуфтану ба якдигар ниятҳои нек кардан ба ҳукми анъана даромадааст.

Бино ба ақидаи олими шинохта Нисор Шакармамадов, дар ноҳияҳои Бадахшон дар рӯзи нахустини Наврӯз расми сурхгузорӣ роиҷ будааст.Мавҷудияти ашёи сурх ҳамчун бозтобкунандаи хуни ноҳақ рехтаи Сиёвуш мебошад.  Дар Вахону Ғорон (Ишкошим) ва қисме аз маҳалҳои Шуғнон ва Роштқалъа марди хона  субҳи барвақти рӯзи аввали Наврӯз ё Хидирайём ба ҷойе, ки зарбед аст, рафта аз он ҷо чанд  навдаи шох гирифта, онҳоро гулбурӣ мекунад ва  дар ягон ҷойи сақфи хона мегузорад. Пас аз анҷоми ин амал ягон чизи (одатан матои) сурхрангро гирифта болои бом баромада, онро дар лаби равзан мегузорад. Ин рамзро сурхбарорӣ ё сурхигузорӣ мегӯянд.  

 Фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов  низ  дар китоби худ – «Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон», («Истеъдод, 2011) оид ба анъанаҳои наврӯзӣ дар Бадахшон бо истифода аз андешаҳои олими шинохта Н. Шакармамадов чунин ёдовар  шудааст: «Дар деҳаҳои Барзуд, Дерзуд ва Хуфу Баҷуви ноҳияи Рӯшон, Ҷамоати Сохчарви Шуғнон қабл аз болои оташи сурӣ ҷаҳидан ё ба гирдаш чарх задан ба гиребон ё ба миён пораи матоъ ё  ресмони сурх мебастаанд. Дар ин бора рубоии маъруфе низ ҳаст:

Мастам, мастам, зи бӯйи ҷонон

мастам,

Абрешими қирмизӣ ба давраш 

бастам.

Абрешими қирмизӣ ба давраш

нарасид,

То соли дигар дар интизораш

ҳастам.

Дар ин рубоӣ абрешими қирмизӣ (сурх) маҷозан ишқро ифода карда, ошиқ орзуи ба васли маҳбубааш расиданро  намудааст».

Ҳамин тавр, таҷлили Наврӯз бо расму анъана ва одатҳои деринааш зебост. Дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ анъанаҳои зиёди  наврӯзӣ ҳастанд, ки ба ягон ҳодисаҳои таърихӣ ва одатҳои дерини халқамон такя мекунанд. Дар маҷмӯъ, ҷашн гирифтани Наврӯз басо хурсандибахшу файзбор аст. Ниятҳои нек кардану гуноҳҳои ҳамдигарро бахшидану якдигаро бо ин рӯз табрик гуфтан аҷаб ҳаловате дорад. Наврӯзро ба ҳамаи ҳамватанонамон шодбош мегӯям.

 

Сабрина Қаландарбекова,

ассистенти факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш