Нашрияи Омӯзгор

Наврӯз иди баҳору шодмонист

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Норак гузаронидани иди умумиҷумҳуриявии Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ рамзи дӯстӣ ҳам дорад.

Дар арафа ва рӯзҳои иди Наврӯз кушода шудани  сарҳадҳо – нуқтаи гузаргоҳҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти таърихӣ дошта, ҳақиқатан ҳам  иди Наврӯз аз иди дӯстию сулҳ буданаш далолат медиҳад. Дар Хуҷанд маҳз ба шарофати хоку оби бафайз ва бармаҳал омадани навбаҳор корҳои деҳқонӣ назар ба маҳалҳои дигар ду ҳафта муқаддам шурӯъ мегардид. Бинобар ин, ҷашни Сари соли Хуҷанд 7-уми март оғоз меёфт. Бо мурури замон дар солҳои 20-уми қарни гузашта ба муносибати Иди озодии занон 8-уми март ва маъракаи «Хуҷум» ба муқобили фаранҷӣ ва одатҳои байнифеодалӣ бо ҳукми замон оғози иди Сари сол дар Хуҷанд расман 7-уми март ҷашн гирифта мешуд.

Яъне ҷашнҳои Наврӯзӣ бо тамоми шукӯҳ ва бо эҳёи анъанаву расму оинҳояш дар  куҷое бошад, хоҳ дар Осиёи Миёнаву хоҳ дар манотиқи хориҷ ҳар сол таҷлил мегардад. Имрӯз маҳз бо хусусияти таърихиву аҷдодӣ  ва аҳамияти дунявӣ пайдо карданаш Созмони Милали Муттаҳид таҷлили ҷашни Наврӯзро дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд. Наврӯзро  миллионҳо нафар сокинони сайёра ҳамчун оғози соли нав ва бедоршавии табиат ҷашн мегиранд.

Дар Наврӯз ваҳдати мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои бисёрасраи халқҳои ҷаҳон ифода  ёфтааст. Наврӯз дар таҳкими равобити халқҳо дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, татбиқи ғояҳои сулҳ ва ҳусни ҳамҷаворӣ нақши бузург мебозад.    Ҷашни Наврӯз барои бо ҳам наздикшавӣ,  меҳру муҳаббат, бунёдкорӣ, меҳру шафқат, зебопарастӣ, ҳамдигарбахшӣ, меҳанпарастӣ,  меҳнатдӯстӣ, дӯстдорӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ,  осудагию осоиштагии ҷаҳониён хизмат мекунад. Наврӯз тантанаи нур, табли сурур, рамзи зиндагист алайҳи зулмот, ғалабаи адолат бар ҷаҳолат аст. Дар сиёсати  фарҳангии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи  гузаштаю имрӯз, эҳёи  анъанаҳои инсонпарварӣ,  зебопарастӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу  хуррамона аст.

Наврӯзро рамзи бузургии фарҳанги мардуми ориёинажод  ҳисобидан равост, ки нақши худро дар таърихи тамаддуни башарият гузоштааст. Мардумони дигар қавму нажод ҳам онро барои зебоӣ, пурмазмун будан ва мувофиқ омаданаш ба тарзи зиндагӣ ва маънои фалсафии он пазируфтаанд. Дигаргуниҳои бузурге, ки давоми даҳсолаҳои охир дар рӯзгори мардуми форсизабон ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳомати зебоии Наврӯзро  амалан дар чашми ҷаҳониён ҷилва дод.

Ҷаҳонишавии Наврӯз пойгоҳе ҳоҳад шуд барои бо ҳам наздикшавии  миллатҳо, халқҳои гуногун, тантанаи дӯстӣ ва пойдории сулҳу амнияти олам. Анъанаҳои муқаддас, ниятҳои нек ҳамеша сипарҳоеанд баҳри рафъи ҷаҳолат, бадбахтӣ ва фоҷиаҳо. Бигузор, Наврӯз ҳамчун иди баҳор, ҷавонӣ, дӯстӣ ҳама солу ҳама рӯз ҷовидонӣ бошад. Наврӯз марзҳои  кишварҳоро убур намуда, ба фарҳанги умумибашарӣ дохил шуда истодааст.

Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию бадеӣ маълумот ва маводҳои зиёд зикр гаштанд, ки донишмандони Ватанию хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаю  рисолаҳои арзишманде таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»- и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома» - и Умари Хайём, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз меҳисобанд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома», дар мавриди бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «… аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтоб ду давр бувад, яке он ки ҳар  сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат хаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд»(Хайём, 1380 ш.саҳ.2).

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони гузашта ва ҳозира бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора тадқиқотчиён дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ёдовар шудаанд. Шоирон аа мутафаккирони бузург Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон оид ба ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадимаи шарқ бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири баҳор ва дигар мавсимҳои фасли солро ба қалам додаанд.

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон дар арафаи ҷашни Наврӯз намоиш   ва  фурӯши ниҳолу дарахтон, гулҳо ва парандаҳо гузаронида мешавад, озмуни бозиҳои гуногуни халқӣ баргузор мегардад, ки он як навъ эҳёшавии табиатро таҷассум менамояд.

 

С. Эркаев,

дотсенти кафедраи таърихи

Ватан ва археологияи ДДХ

 ба номи академик

Б.ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш