Дар маҷлисгоҳи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Дар озмун панҷ нафар довталаб аз ноҳияҳои Роштқалъаи ВМБК, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе ширкат варзиданд. Озмунро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Киромуддин Назаров ифтитоҳ намуда, дар хусуси моҳияту ҳадаф ва баргузории озмун сухан ронд. Бояд хотиррасон намуд, ки озмун аз рӯи панҷ шарт: таъминот бо асноду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии кабинети технологияи иттилоотӣ, ҷиҳозонидан ва ороиши кабинет, барномаи дурнамои рушди муассисаи таълимӣ, таъминоти ташкилӣ – методӣ ва фаъолияти инноватсионии омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ сурат гирифт. Нахуст довталаб аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и ноҳияи А.Ҷомӣ Бахтовар Бобоев дар хусуси фаъолияти кабинети технологияи иттилоотии таълимгоҳи худ дар заминаи шартҳои пешниҳодгардидаи озмун маълумоти муфассал ироа намуд.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳасан Очилов зимни муаррифии корҳои анҷомдодаи худ зикр кард, ки муассиса дорои ду кабинети технологӣ бо фарогирии 82 компютер, 5 тахтаи электронӣ ва 15 видеопроектор мебошад. Ба иттилои Ҳ Очилов, вай машғулиятҳояшро аз фанни технологияи иттилоотӣ тавассути диску фиттаҳо ва видеороликҳо мегузаронад. Ҳамзамон аз слайдҳо низ истифода мекунад. Довталаб дастури методии ихтисосии худро таҳия кардааст, ки аз рӯйи он ба таври васеъ бо хонандагон кор мебарад. Хонандагон баъд аз хатми дарсҳо аз «Тест - Онлайн» истифода мекунанд.
Омӯзгори мактаби рақами 31-и ноҳияи Роштқалъа Қосумшо Фрайдонов гуфт, ки соли 2006 дар мактаб кабинети технологияи иттилоотӣ таъсис ва бо 8 адад компютер, видеопроектор, тахтаи электронӣ ва принтерҳои рангаю муқаррарӣ таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз соли 2008 бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст гардидааст. Ба иттилои довталаб, кабинети технологияи иттилооти таълимгоҳ аз рӯйи 6 самти асосӣ фаъолият мекунад, ки инҳо беҳдошти сифати тадрис ва омӯзиши технологияи иттилоотӣ, ташкили корҳои беруназсинфӣ доир ба технологияи иттилоотӣ, истифодаи кабинет барои корҳои тарбиявию чорабиниҳои беруназсинфӣ, гузаронидани дарсҳо аз фанҳои таълимӣ ва ғайра ба шумор мераванд.
Довталаб – омӯзгори гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Дилором Раҳимова зимни муаррифии фаъолияти худ зикр намуд, ки муассиса дорои кабинети фароху равшану барҳаво буда, бо тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва 14 компютер таъмин мебошад. Муаллима гуфт, вай машғулиятҳоро дар зегурӯҳҳо мегузаронад. Хонандагон ҳангоми баргузории дарсҳои химия ва биология хилъати сафед ба бар мекунанд. Дар машғулиятҳои технологияи иттилоотӣ вариантҳои чопии саволу супоришҳои тестӣ ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд. Гимназия бо ду хати шабакаи интернет пайваст мебошад. Довталаб машғулияти худро дар мавзӯи «Технологияи чандрасонаӣ. Мултимедиа» ба маърази намоиш гузошт.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Ваҳдат Фаридун Каримов дар муаррифии корҳои ба сомонрасондааш қайд намуд, ки дар кабинети технологияи иттилоотии мактаб 16 адад компютер мавҷуд аст. Дар кабинет гӯшаҳои фиттаҳои омӯзишӣ барои ҳамаи фанҳо, намунаи саволу супоришҳои тестии санҷишӣ – электронӣ ташкил карда шудааст. Омӯзгор маводи иловагиро бо фарогирии 60 дастури методӣ таҳия намудааст.
Қисмати дуюм ва асосии озмун «Фаъолияти инноватсионии довталабон» хеле ҷолиб, пурмуҳтаво ва шавқовар баргузор гардид. Махсусан, муаррифии корҳои довталаб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳасан Очилов то ҷое навоварона ва ибратомӯз буд. Номбурда хотирнишон намуд, ки 10 нафар шогирдаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 5 нафар дар сатҳи байналмилалӣ иштирок ва ғолибият ба даст овардаанд. Ҳ.Очилов қайд кард, ки дар мактаб бо иқдоми бевоситаи ӯ занги электронӣ (системаи автоматикунонии идоракунӣ) сохта ва ба истифода дода шудааст.
Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардид.
Ҳайати доварон тамоми паҳлуҳои фаъолияти довталабонро ба назар гирифта, ба натиҷае расиданд, ки ҷойи аввал ба омӯзгори гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Дилором Раҳимова, ҷойи дуюм ба омӯзгорон аз мактабҳои №14-и Б.Ғафуров Ҳасан Очилов ва №20-и шаҳри Ваҳдат Фаридун Каримов ва ҷойи сеюм ба омӯзгорон аз мактабҳои рақами №62-и ноҳияи А.Ҷомӣ Бахтовар Бобоев ва №31-и ноҳияи Роштқалъа Қосумшо Фрайдонов лоиқ дониста шавад.
Ғолибони озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» бо диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаву мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр