16-17 марти соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нав баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм Тоҷинисо Маҳмадова иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар олимпиадаи номбурда 562 хонанда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ як ҷузъи дигари корҳои ташкилӣ ба ҳисоб мерафт. Пас аз анҷоми имтиҳонҳо тибқи анъана довталабон ба тамошои мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. Ҳамчунин, баъди сайругашт ҷиҳати болидахотирии довталабон барномаи мусиқӣ-фароғатии донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоира Меҳринисо Бобобекова ширкат варзиданд.
Рӯзи дигар, пас аз эълони натиҷаҳои олимпиада апеллятсия оғоз гардид. Дар умум, 190 нафар бо корҳои анҷомдодаи худ шинос шуданд.
Довталабон иброз доштанд, ки аз миқдори холҳоямон розӣ ҳастем. Сабаби муроҷиат ба аппелятсия ин аст, ки дар куҷо ғалат карданамонро фаҳмидан мехостем. Омӯзгори географияи литсейи №2-и шаҳри Душанбе Моҳира Мӯсоева гуфт, ки соли ҷорӣ 2 шогирдам ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Ба андешаи директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов М.Ёқубов, корҳои ташкилии озмун дар сатҳи баланд буд.
Ёвари директори Маркази миллии тестӣ Абдувосит Юлдошев чунин изҳори назар кард:
-Дар умум, олимпиада тибқи низомномаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм ва нақшаи амалии Маркази миллии тестӣ ҷараён гирифт. Бо вуҷуди ин, баъзе норасоиҳо ба чашм расиданд. Гарчанде ин камбудиҳо ба сифати корҳои анҷомёфта таъсир нарасонда бошанд ҳам, мувофиқи мақсад аст, ки барои бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар тавсия дода мешавад, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди рӯйхати иштирокдорон ному насаб ва ҷойи истиқомати довталабонро тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дарҷ намоянд. Инчунин, хонандагонро боз ҳам дар сатҳи хубтар омода кунанд.
Сармутахассиси Маркази миллии тестӣ, узви ҳайати ҳакамон аз фанни химия Солеҳ Расулов гуфт, ки довталабон аз фанҳои табиӣ – риёзӣ имсол омодагии хуб дидаанд. Аз ин рӯ, дар муқоиса бо солҳои қабл натиҷаҳо беҳтаранд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм Тоҷинисо Маҳмадова иброз дошт, ки натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон нисбат ба солҳои гузашта боло рафтааст. Дар маросими ҷамъбасти олимпиада муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев қайд кард, ки иштирок дар олимпиадаҳо аз як тараф нишондиҳандаи донишҳои хонандагонамон бошад, аз тарафи дигар, ифодагари ба кори эҷодию илмӣ ва таҳқиқотӣ машғул шудани онҳо мебошад. Хушбахтона, сафи хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд, меафзояд.
Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нав 171 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, (36 медали тилло, 61 медали нуқра ва 74 медали биринҷӣ) гардиданд. Хонандагони вилояти Суғд сазовори 53 ҷойи ифтихорӣ (15 медали тилло, 18 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ), хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 51 ҷойи ифтихорӣ (11 медали тилло, 20 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ), хонандагони вилояти Хатлон сазовори 42 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 14 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ), хонандагони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ сазовори 21 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 7 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ) ва хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 4 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ) гардиданд.
Ба ғолибон муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Р. Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Икромӣ ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Т.Маҳмадова дар вазъияти тантанавӣ медалу Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукотро тақдим намуданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр