14-уми марти соли 2019 дар доираи Рӯзҳои Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони донишкадаи мазкур бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Владимир Малишев – ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК), Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВГИК, сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи густурдатар идома додани ин ҳамкориҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Инчунин, гуфта шуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони касбу кори гуногун бо даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия шартномаҳои тарафайн дорад, ки дар асоси он шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд таҳсил намоянд.
Владимир Малишев – ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов иброз дошт, ки дар замони муосир соҳаи кино яке аз соҳаҳои тараққикардаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар баробари он, ки техникаву технологияи наву муосир ва барномаҳои гуногуни компютерӣ барои омода намудани кино мавриди истифода қарор мегиранд, инчунин, мебояд дар муассисаҳои таълимӣ кадрҳои хуби соҳаи кино ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ омода карда шаванд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД
Иловакунӣ
Иловакунии фикр