Омӯзгорони фанни забони англисӣ дар дарс бозиҳо, мусобиқаҳо ва озмунҳоро истифода мебаранд. Дарси озмунӣ баъд аз таҳлили матн бо хонандагон гузаронда мешавад. Тақрибан 3-4 дарс пешакӣ то гузарондани он муаллима хонандагонро аз мусобиқа дар дарсҳои оянда хабар медиҳад ва онҳоро бо барнома шинос мекунад. Талаботи асосии озмун, яьне ба ҳамаи машғулиятҳо пурра иштирок намудан ва бо диққат вазифаҳои хонагиро тайёр кардани шогирдон аст. Дар давоми тамоми дарс бачаҳо кӯшишу ғайрат мекунанд, ки дар нутқи худ ҳамаи калимаҳои шиносро истифода баранд. Саволҳои шавқовар диҳанд ва ақидаҳои худро дуруст ва ба тартиб баён кунанд.
Шавқи хонандагонро фаъолияти хонандаи беҳтарин ба худ ҷалб мекунад.
Дар ҷараёни тайёрӣ дидан бачаҳо, албатта, тасвирҳоро тайёр мекунанд
Ин намуди машғулиятҳо ба ташкили шароит мусоидат мекунад ва дар якҷояги шакли назорати фаҳмиши хондашуда мегардад, шеьр хонда истода, бачаҳо расмҳои худро нишон медиҳанд.
Бозӣ бачагонро ҳавасманд мекунад. Ҳадафи методии муаллима барои истифода бурдани маводи грамматикӣ ҳал намудани вазифаҳо ва ба интихоби касбу ҳунари бачагон имконият медиҳад.
Роҳҳои баланд бардоштан ва талқин кардани шавқу ҳаваси хонандагон дар дарсҳои забони англисӣ барои бо муваффақият иҷро намудани вазифаҳои гузаштаи ислоҳоти мактабҳо, таьмин намудани савияи баланди дониш ба тарбия ва ташаккули насли наврас аҳамияти калон дорад.
Муаллимони забони англисӣ дар дарс бозиҳо, мусобиқаҳо, озмунҳоро фаъолона истифода мебаранд. Бозӣ кӯдаконро ҳавасманд мекунад.
Дилафрӯз Восиева,
омӯзгори забони англисии
литсейи № 55-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр