Нашрияи Омӯзгор

Рушди барвақтии кӯдак

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ семинари машваратии байниидоравӣ дар мавзӯи “Рушди барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.

Муовини раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва идораву ташкилотҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Х.Юсуфӣ изҳори боварӣ намуд, ки масъалаҳои баррасишавандаи ҳамоиш заминаи хубе барои рушди барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд гашт. Сипас, М. Сафолзода таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёд намудани шумораи онҳо дар қаламрави кишвар судманд арзёбӣ намуд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, иброз дошт, ки дар робита бо амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими  томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар  самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак низ корҳои муайян амалӣ карда шуд. Шумораи чунин марказҳо сол то сол рӯ ба афзоиш оварда, шумораи кӯдакони фарогирифта  меафзояд.

Дар семинар ҳамчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Камолзода, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Харри Патринос, сармутахассис оид ба соҳаи маориф С. Базарова ва мутахассис доир ба соҳаи тандурустӣ Иан Форд суханронӣ намуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш