Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамоиш барпо гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода, муовинони ректор ва сармуҳосибони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди қарзӣ иштирок намуданд. Қайд гардид, ки мақсад аз ҳамоиши мазкур иҷрои моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ф. Усмонзода зимни суханронӣ гузаштан ба низоми мазкурро судманд арзёбӣ намуд. А. Раҳмонзода-мутахассиси дараҷаи 1-и идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон моҳияти асосии қарори №565-ро таҳлил ва баррасӣ намуд. Инчунин, дар идомаи муҳокима масъулини ташкилотҳои хурди қарзӣ барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҷрибаи кории худро дар самти кор бо низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муаррифӣ карданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО
Иловакунӣ
Иловакунии фикр