Боиси ифтихор аст, ки сол то сол ҳаракати олимпии кишвар рушд ёфта, хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои пурнуфузи байналмилаливу ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи насли наврас ба омӯзиш илму дониш, махсусан, фанҳои дақиқ зиёд гардида истодааст. Имрӯз дастаи ҳаракати олимпии кишвари мо дар ҷаҳон дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. 9 - 11-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкоки давлати шоҳигарии Тайланд 8-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 800 хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаррифӣ карданд.
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъбаст сазовори 16 медал (5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ) гардиданд. Ҳамзамон, 8 хонандаи тоҷик барои иштироки шоиста бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Дастаи хонандагони литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада мақоми аввалро ишғол намуда, Шоҳҷоизаи олимпиада (Гран-При) - ро ба даст овард. Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони тоҷик дар намуди даставӣ аз миёни 22 давлати иштироккунанда мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Маросими пешвозгирии иштирокчиён нимаи дуюми рӯзи 15-уми март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифт. Ғолибонро муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М. Азизӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланд истиқбол намуданд.
Л. Назирӣ хонандагони тоҷикро барои дастовардашон дар ин олимпиадаи бонуфуз табрик намуд. Мавсуф қайд кард, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф аст, ки имрӯз тамоми шароит дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони лаёқатманди ҳирфаӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Аз ин рӯ, насли наврасро мебояд аз шароити мусоид самаранок истифода намуда, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар озмуну олимпидаҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд ва дар рушди Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Дар асоси маълумоти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагони тоҷик соли 2019 дар 4 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 47 медал (7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ) гардиданд.
Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр