Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи навбунёди таълимӣ барои 820 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад. Мактаб аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 21 синфхона, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии физика, кимиё, биология, компютерӣ, таълими ибтидоии ҳарбӣ, таълими меҳнат барои духтарону писарон, утоқи бозии шоҳмот, китобхона, ошхона ва толори муосири варзишӣ мебошад.
Ин муассисаи нави таълимӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози кишвар бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорону муҳассилин дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Ин муассисаи хуштарҳу замонавӣ бо системаи мустақими гармидиҳӣ, ки бо ангишт ва неруи барқ кор мекунад, муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ин муассисаи таълимӣ барои омӯзиши технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ шароити арзанда фароҳам оварда шуда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон омӯзгорони ҷавону соҳибтахассус ҷалб гардида, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон имкониятҳои фарох муҳайё аст.
Толори барҳавои варзишии муассиса дорои 100 ҷойи нишаст буда, дар он мусобиқаҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва тенниси рӯи миз баргузор карда мешаванд.
Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур дар баробари рафъи мушкилоти мавҷуда беш аз 30 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр