Нашрияи Омӯзгор

Шароити таълимгоҳҳо беҳтар мешавад

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

15 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Пешвои миллат бо шарту шароити таълимӣ дар ин муассиса аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Бинои мазкур аз  25 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад, ки дар ду баст бо назардошти синфхонаҳои фаннӣ 1560 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Барои гузаронидани дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ, химия, физика ва биология синфхонаҳои алоҳида бо аёниятҳои муосири таълимӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати омӯзонидани касбу ҳунар ба толибилмон, дар бинои нав ду синфхонаи таълими меҳнат барои духтарону писарон ташкил гардидааст, ки бо шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошанд. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омодасозии ҳар гуна таомро меомӯзанд.

Барои обу тоби ҷисмонии хонандагон, дар бинои нави таълимӣ толори махсуси варзиши сабук бунёд ва бо дастгоҳҳои варзишӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин, дар дохили   иншооти мазкур як китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва як анбори муосир барои нигоҳ доштани китоб сохта шудааст. Синфхонаи информатика бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин буда, ба хати баландшиддати интернет пайваст мебошад. Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо, синфхонаҳои таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз гардидааст.

Ба хотири инкишофи зеҳнии хонандагон бинои нав дорои синфхонаи алоҳида барои омӯзиш ва гузаронидани мусобиқаҳои шоҳмот буда, бо дастгоҳ ва аёниятҳо таъмин гардидааст. Дар ин иншоот ҳамчунин синфхонаҳои алоҳида барои рассомӣ, мусиқӣ ва утоқи ҳамшираи шафқат бунёд ёфтааст. Барои омӯзгорон бошад,утоқҳои алоҳидаи корӣ ташкил гардида, роҳраву синфхонаҳо бо системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, дар зарфи камтар аз як сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва таълимӣ ба анҷом расонида шуд. Дар доираи корҳои ободонӣ ҳамчунин роҳрав ва гирду атрофи муассиса бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.

Аснои шиносоӣ ва суҳбат бо аҳли мактаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки чунин имконоту шароити муосирро самаранок истифода бурда, барои аз худ кардани дониш ва омӯхтани илмҳои замона ҳамаҷониба саъйю кӯшиш намоянд.

Пас аз ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо шароити он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маорифи пойтахт суханронӣ намуда, фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ба ҳозирин табрику таҳният гуфтанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш