Нашрияи Омӯзгор

Мушаррафа Қосимова аз олам даргузашт

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунар-манди шинохтаи театру кинои тоҷик, «модари театри тоҷик» Мушаррафа Қосимова 02.04.2019 дар синни 101 аз олам даргузашт.

Ин ҳунарманди маҳбуб 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе фиристода буданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард.

Шавҳари Мушаррафа-апа Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳаммадҷон Қосимов низ яке аз саромадони театри тоҷик буд.

М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик бо намоишҳои театрӣ дар шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, доимо дар байни мардум буд. Ӯ то поёни солҳои ҳаштодуми асри гузашта, яъне беш аз 50 сол дар саҳнаи Театри академӣ-драмавии  ба номи А.Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи ӯ дар кино аз соли  1956 оғоз гардидааст.

Мавсуф дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» нақш офаридааст.  Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху дилбар ба образи замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид. Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан», Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон», Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»   ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон» чун беҳтарин образҳои  саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.

М. Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш шукрона дошту зимни суҳбатҳояш бо хабарнигорон ҳамеша фахр мекард, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд.

Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро дар зиндадилию дӯст доштани рӯзгор медонист. Ӯ пайваста изҳор мекард, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад ва ба қадри ҳар нафаси ҳаёт бирасад.

Мушаррафа Қосимова ҳамчун модар фарзандони арзанда ба олам оварда, тарбият намудааст, ки сутуни мустаҳками санъати театр ва кинои тоҷик  маҳсуб мешаванд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш