Дар ҷамъият ҳар касе, ки хислатҳои хоксорию инсондӯстӣ, меҳнатдӯстию ватанпарвариро дар шахсияти худ таҷассум намуда, манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш афзалтар медонад, ҳамеша соҳиби обрӯ ва эътибори умум мебошад.
Раҷаб Раҳимов аз зумраи чунин ашхос буд. Ӯ 40 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст. Вай соли 1919 дар шаҳри бостонии Самарқанд таваллуд ёфта, баъди хатми курсҳои муаллимтайёркунӣ дар ноҳияи дурдасти Ҷиргатол ба кори омӯзгорӣ машғул мешавад. То соли 1949 дар мактабҳои водии Ғарм кор кардааст. Соли 1949 ба ноҳияи Орҷоникидзеобод меояд ва дар мактаби № 67, деҳаи Итоқ мудири мактаб таъйин мегардад.
Соли 1955 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппаро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхат ба факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад ва онро бомуваффақият хатм менамояд. Муаллим Раҷаб Раҳимов дарсҳояшро мунтазам рангоранг, эҷодкорона, пурмазмуну шавқовар гузаронида, дар қалби шогирдон муҳаббат ба фанни таърихро бедор менамуд. Фаъолияти густурда ва талошҳои Раҷаб Раҳимовро ба назар гирифта, шуъбаи маорифи ноҳияи Орҷоникидзеобод ӯро директори мактаби миёнаи №67 таъйин менамояд. Бо ҷидду ҷаҳд ва меҳнати ин омӯзгори соҳибистеъдод мактаби мазкур ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфт. Ин ҷо зуд-зуд сарварони мактабҳои ноҳия ва деҳоти Орҷоникидзеобод гирд меомаданду маслиҳату машварат меоростанд, мушкилоташонро дар ҳамбастагӣ ҳаллу фасл мекарданд, барои фаъолияти минбаъдаашон нақшаҳо мекашиданд. Дар машваратҳои мазкур сухани ҷамъбасткунандаро Раҷаб Раҳимов мегуфт, зеро ҳама ба донишу таҷрибаи ӯ эътиқодманд буданд, маҳорату малакаи омӯзгориашро эътироф мекарданд. Шогирдон ба шарофати устодашон ба фанни таърих меҳр бастанд ва фатҳи қуллаҳои дониш намуданду ба мартабаҳои баланд расиданд. Устод Раҷаб Раҳимов бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Ин инсони наҷиб ва омӯзгори варзида соли 1983 аз олам чашм пӯшид. Бо таклифи омӯзгорон ва бо қарори Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод аз соли 1992 мактаби миёнаи № 67-и деҳаи Итоқ ба номи Раҷаб Раҳимов гузошта шуд.
Мамараҷаб БУРОНОВ,
Табаралӣ НОЗИМОВ,
устодони
кафедраи психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр