Китоби доктори илми тиб, профессор Ҷ. Азонзод, номзади илми фармасевтӣ Б. Холназаров ва номзади илми тиб Х. Шарифзода бо номи «Хусусияти шифоии рустаниҳои равғани атрогиндор ва равғанҳои атрогин» аз чоп баромад.
Дар он оид ба хусусияти шифоӣ ва таркиби физикию кимиёвӣ беш 30 растании атрогин ва равғани атридор маълумот гирд оварда шудааст. Муаллифон бо такя ба осори илмӣ хусусияти шифоии растаниҳои мазкурро дар тибби муосир нишон додаанд. Ин рустаниҳо – анис, анҷибар, арвона, арчаи зарафшонӣ, афлесун, бобуна, бодиён, бӯймодарон, гашниз, даҳмаст, дорчин, зира, исфаноҳ, ишим, камоли бадбӯй, карафс, карвиё, лимӯ, лухи обӣ, марв (кокутӣ), махмалакгул, наъно, нозбӯ, норанҷ, норинҷ, райҳон, руморан, садбарг, сесанбарг, сир, сияҳдона, шибит, ҷаъфарӣ, ҷамилак, қаронфул, қаҳзак, явшон ба ҳисоб мераванд. Муҳимтарин ҷанбаи ин китоб дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон ҳар растаниро дар алоҳидагӣ бо далоили илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, бо такя бо осори илмӣ аҳамияти фоидабахшии онро ба саломатӣ ва бемориҳои гуногун нишон додаанд.
Муаллифон дар оғоз вобаста ба таърихи пайдоиш ва инкишофи ин рустаниҳо маълумот додаанд. Ба таъкиди муҳаққиқон, дар саросари олам зиёда аз се ҳазор растание нумӯъ меёбанд, ки дар таркибашон равғани эфирӣ (равғанҳои атрӣ) доранд. Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) беш аз 1000 намуди онҳо мавҷуд аст. Равғанҳои атрӣ (Olia aetherea) - маводи моеи равғани зудбухоршавандаи омехтаи маводи органикӣ буда, дар рустаниҳо ҳосил мешаванд. Таркиби равғанҳои эфир аз спиртҳо, фенолҳо, лактонҳо ва ғайра бой аст. Спиртҳои терпении таркибии онро гераниол, ситронеллол, линаллол ва ғайра ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, вобаста ба ҳар рустании атрогин маълумоти муфассали илмӣ пешниҳод карда, тарзи истифода ва фоидабахшу самарабахш будани ҳар яке онҳоро тавзеҳ дода шудааст. Муҳимтар аз ҳама, истифодаи ҳадафмандонаи бисёре аз рустаниҳо дар тибби муосири тоҷик ба манфиати саломатии инсон аст.
Нишон додани мавзеи парвариш ва рӯйидани ин рустаниҳо, мушаххас кардани ҳар яки онҳо аз ҷиҳати илмӣ бартарияти дигари рисолаи мазкур ба шумор меравад. Масалан, муаллифон оид ба рустании атрии бӯймодарон чунин нигоштаанд: «Ин рустанӣ бо номҳои бӯймодарон, мазорбарг, пуғнак ва қайсум низ машҳур аст. Растании мазкур дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон паҳн шуда, одатан дар канори ҷӯй, соҳили дарё, дар дашту биёбон, марғзор, нишебиҳҳои теппаю кӯҳҳо, бораву саҳро мерӯяд. Қисмати мавриди истифодаи гиёҳ, баргу поя ва гулаш мебошад. Бӯймодаронро ҳангоми гул кардан дар моҳҳои июн – июл ҷамъ оварда, дар ҷойҳои сояи барҳаво мехушконанд ва онро дар муддати ду сол истифода мекунанд. Муҳаммади Ҳусайни Шерозӣ дамкардаи бӯймодаронро барои табобати санги гурда, бодхӯра ва захми гарданаки раҳм ва таби баланд даво фармудааст. Марҳами бӯймодарон барои табобати дарди сару сина, омосҳои бадан низ муфид аст.
Дар тибби мардумии тоҷик бӯймодаронро то шукуфоиаш барои муолиҷаи газаки меъда ва ҳамчун ислоҳовару гиҷҷарон истифода мебаранд. Обҷӯши баргу гулашро ҳамчун ғашбарор, хунбанд, пешоброн ва гиҷҷарон истеъмол мекунанд.
Ҳамин тариқ, муаллифон хусусиятҳои ҳар як рустаниро аз чанд паҳлу таҳлил намуда, муҳим будани онҳоро ба саломатии инсон нишон додаанд. Инчунин, бартарияти дигари асар он аст, ки дар охири китоб суратҳои рустаниҳои атрогиндор ва равғанҳои атрогин пешниҳод гаштаанд. Ин, бешубҳа, дар шинохти ин рустаниҳо мусоидат мекунанд.
Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури раҳнамо оид ба хусусияти давоӣ ва тарзи истифодаи рустаниҳо пешбинӣ гардидааст.
Н. САНГИНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр