Нашрияи Омӯзгор

«Сайри китоб» оғоз шуд

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фес-тивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» расман оғоз гардид.

Сараввал меҳмонон аз намоиши китоб бо унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ», маҳсули дастранҷи кӯдакону наврасон, фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, ки масъулин дар саҳни муассиса ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карданд. Дар расми ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги кишвар Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки хушбахтона, мавқеи китоб дар кишвари мо рӯз ба рӯз бовусъаттар мегардад, чунки миллати мо аз аввал китобдӯсту китобхон буд. Тоҷикон яке аз нахустин миллатҳои китобдори дунё мебошанд ва намунаи олии он китоби муқаддаси «Авесто» ба шумор меравад. Имрӯз оилае нест, ки дар хонааш китоб надошта бошад. Фестивали «Ҳафтаи китоб» барои таблиғи бештари ин китоб кумак мерасонад. Чорабинӣ дар миқёси кишвар ҳамасола тӯли як ҳафта баргузор мешуд. Дар натиҷаи таҳлилҳо мо ба ин хулоса омадем, ки барои ташвиқи китобу китобхонӣ як ҳафта кофӣ нест. Бинобар ин, имсол нақша гирифтаем, ки фестивалро на як ҳафта, мисли солҳои қабл, балки як моҳ-аз 15 апрел то 15 май баргузор намоем.

Сипас, адиби шинохтаи кӯдакону наврасон Алӣ Бобоҷон ҳамагонро бо оғози фестивал табрик намуда, аз ашъори тозаэҷоди худ қироат намуд. Барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи китоби фестивал ҷолибу диданӣ буд. Бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ композитсияи адабӣ бо иштироки хонандагон пешниҳод гардид, ки ба ҳозирин писанд омад. Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, Иттифоқи нависандагон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Кумитаи телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар доираи он дар миқёси мамлакат вохӯриҳо бо адибону эҷодкорон, шахсиятҳои барҷаставу шинохта, суҳбатҳо, нишастҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.

Тавре аз кумитаи тадорукот маълумот доданд, дар ҷамъбаст иштирокдорони фаъоли фестивал бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, ифтихор-номаҳо, нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

 

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш