Синну сол ки ба ҷое расид, одам рӯ ба хотираҳо меоварад. Аз рӯзгори солҳои пеш аксҳое, ки дар албом маҳфузанд, нақл мекунанд. Аксе, ки бештар аз чиҳил сол умр дорад, бароям хеле азиз аст. Ман дар паҳлуи ду устоди сухану ҳунар нишас-таам.
Рӯзи шанбе. Рӯзе пеш устод Нур Табаров пайғом фиристод, ки пагоҳ биёям, меҳмон дорад, ҷое меравем. Вақте ки дар муҳлати таъиншуда ба назди идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») расидам, ҳар дуи онҳо дар хараки назди идора нишаста, суҳбат мекарданд. Суратгири идора аз фурсат истифода бурда, мехост акси онҳоро бардорад. Маро дида, устод ишора кард, ки дар байни онҳо шинам. Не, гуфта, дар гӯшаи курсӣ нишастам. Ба ақидаи он замонаам, гӯё дар байни онҳо нишастан беодобӣ ва беэҳтиромӣ мешавад, онҳоро аз ҳам ҷудо мекунам. Ҳоло аксро мебинаму хиҷолат мекашам. Дуруст мешуд, ки дар миёна нишаста, пайванди онҳоро қавитар мекардам.
Зиндагиномаи устод Нур Табаров пур аз шебу фароз аст. Тифл буд, ки Ҷанги Дувуми Ҷаҳон оғоз ёфт. Падараш ба фронт рафт. Вақте ки аз ҷанг баргашт, писараш аллакай панҷсола буд. Дар набудани ӯ ҳамсараш Моҳбегим Забирова дар мактаби деҳаи ҳамсоя муаллима шуда кор мекард. Рафтану омадан то деҳаи ҳамсоя кори осон набуд. Болои ин, кори хона, таъмини рӯзгор, сарпарастии оила ва хешу табор ба дӯшаш бор буд. Ба хотири писари хушзеҳну дӯстрӯяки худ ба ҳамаи мушкилӣ тоб овард. Аз фронт баргаштани шавҳар қомати ӯро рост кард. Акнун писари дӯстрӯ аз ғамхории дуҷониба бархӯрдор мегашт.
Хондану навиштанро ӯ то ба мактаб рафтан дар хона ёд гирифт. Таҳсил дар мактаб бомуваффақият гузашт. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷат супорид. Соли 1962 баъди хатми донишгоҳ ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омад. Дере нагузашта ӯро ба аскарӣ даъват карданд. Ду сол дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон ба ҳайси афсар хизмат кард. Баъди бозгашт аз хидмати аскарӣ дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба ҳайси ҷонишини самуҳаррир, мухбири «Комсомолская правда», сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» фаъолият дошт. Баъди хатми Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Москва ба сифати мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи шаҳри Душанбе, сармуҳаррири газетаи «Тоҷикистони советӣ», мудири шуъбаи фарҳанги КМ ПК Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ адои вазифа намудааст. Дар ҳар вазифае, ки кор карда бошад, хислати хоси худ - эҷодкориро аз даст намедод. Дар журналистика ва публитсистика ба қуллаҳои баланд расид ва ҳамеша эҷодкоронро дастгирӣ мекард.
Замони кор дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» шоир Усмон Шарифзода дар шуъбаи адабӣ фаъолият мекард. Ҳарчанд ӯ одами донишманд буд, вале ба мавзӯъҳои иқтисодиву истеҳсолӣ сару кор надошт. Боре дар маҷлиси Комитети Марказӣ қайд мешавад, ки оид ба фаъолияти хоҷагиҳо ва ташкили кори коллективҳо мақолаҳо хуб таҳия намешаванд. Баъди бозгаштан ба идора Нур Табаров кормандонро ҷамъ карда, дар бораи масъалаҳои муҳокимашуда сухан мегӯяд ва дар бораи навиштани мақола мехоҳад супориш диҳад.
-Ҳамин мавзӯъро ман нависам-чӣ,- бе ихтиёр пурсид Шарифзода, як худамонро бисанҷем.
Устод Табаров, ки аслан ташаббуси ҳеҷ касро монеъ намешавад ва ба ӯ «не» нагуфт. Ғайр аз ин, ҳамон замон дар маҷлис аз намояндагони шуъбаи хоҷагии қишлоқ касе набуд.
-Майлаш, рафта бинед, омӯзед, ягон чиз навишта биёред.
Шарифзода рӯзи дигар мақолаашро оварда супорид. Муҳаррир худаш хонда ба чоп иҷозат дод.
Рӯзи дигар аз Комитети Марказӣ занг заданд, ки муҳаррирро худи Ҷаббор Расулов мепурсад.
-Муаллифи ҳамин мақола кист?- баъди салому алайк пурсид Ҷаббор Расулович.
-Корманди худамон, Ҷаббор Расулович, - ҷавоб дод муҳаррир ва омода шуд, ки ҳозир ягон гапи сахт мешунавад.
-Асли масъаларо омӯхта, дарк кардааст, ба ӯ ташаккури маро расонед, бигузор ҳамин тавр навиштан гирад,- омад садо аз гӯшаки телефон. Ба ҳамаи коллектив саломи маро расонед, - суҳбатро ба охир расонд Ҷаббор Расулович.
-Хайрият ва аҷаб, - аз дил гузаронд Нур Табаров. Ин одам бори аввал чунин мақола менависаду мо таъриф шунидем.
Ҳамин аст, зиндагии қаламкаш, гоҳе мушоҳида чунон мафтун мекунад, ки дар андешаи печу тобҳо намефаҳмӣ гиреҳ чӣ тавр худ ба худ кушода мегардад.
Дар маҷлис, вақте ки муҳаррир хушнудии Расуловро ба аҳли нишаст расонд, бурути Шарифзодаро табар намебурид.
-Солҳо менависед, махсусан, кормандони шуъбаи хоҷагии қишлоқ, боре ҳам шумо таърифи шахси аввали республикаро шунидаед? Ман як бор навиштаму ин миннатдориро бинед,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфт Шарифзода.
Минбаъд, замони кораш устод Табаров дар ин коллектив борҳо аз роҳбарони ҷумҳурӣ, бюрои Комитети Марказӣ суханҳои нек мешунид. Сирри муваффақият ин буд, ки ӯ ба кормандон бовар мекард. Аз ин рӯ, дар тайёр ва инъикоси бисёр масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, омода сохтани масъалаҳо барои муҳокима коллективи эҷодӣ ҷиддӣ саҳм мегирифт. Чандин масъалаҳои муҳим баъди баромади газета ба муҳокимаи бюро ва котиботи Комитети Марказӣ кашида шуданд. Натиҷаи баромади газета гоҳо самти фаъолияти ташкилотҳои партиявӣ, корхонаву муассисаҳоро тағйир медод ва дар натиҷа шохаҳои фаъолият маҷрои нав мегирифтанд.
Агар нимаи аввали ҳаёти устод Табаров ба корҳои роҳбарӣ дар дастгоҳҳои партиявӣ ва ҳукуматӣ гузашта бошад, қисмати дуюми зиндагии пурсамари ӯ ба эҷод бахшида шудааст. Ӯ аз майдони публитсистика ба шоҳроҳи драматургия устуворона қадам гузошт. Аввалин асари ӯ «Дар чорсӯ» ном дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Артисти халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов навишта шудааст. Худи ҳамон сол ин асар дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва баъдтар дар театри ба номи «Мулло непес»-и шаҳри Ашқобод бо коргардонии Ҳабибулло Абдураззоқов ба саҳна гузошта шуд.
Ҳамин тариқ, қадами аввалини ӯ дар драматургия хеле устувор омад ва асарҳояш пайи ҳамдигар рӯи саҳна меомаданд. Драмаи ӯ дар бораи Куруш ва Томирис - «Чашмони бародари қиёматӣ» дар байни тамошобинон хеле маъруф гашт ва режиссери он Мирзоватан Миров сазовори Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гашт. Пйесаи дигари ӯ дар бораи устод Айниро Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна овард.
Устод Табаров дар тарҷумаи асарҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ низ заҳмати зиёд кашидааст. Асари адиби тоҷиктабор Темур Зулфиқоров «Афъимори марҷонӣ»-ро ба тоҷикӣ баргардонд. Китоби ходими барҷастаи театри гурҷӣ Михаил Туманишвилӣ «Роҳнамои режиссёр»-ро тарҷума кард, ки чун китоби дарсӣ барои коргардонҳо ва кормандони театр то имрӯз хизмат карда истодааст.
Риштаи хаёл тоб мехӯрад. Ман дар пайи кушодани он ба сӯи калобаҳои дигари риштаҳои андеша меравам.Тори андешаҳо аз ресмони тугмаҳои шахси дигаре, ки дар ин акс ба дурбин менигарад, оғоз меёбад.
Чи тавре ки дар халқ мегӯянд: номаш ба худаш тааллуқ дорад. Миръот дар арабӣ оинаро мегӯянд. Маъмулан эҷодкорон ба характери эҷодиёти хеш ва ё зиндагиашон бисёр наздик тахаллусе интихоб мекунанд. Ба бастакор Атоев ҳангоми таваллуд номеро доданд, ки якбора барои ӯ тахаллус гашт.
Албатта, дар бораи устод Миратулло Атоев бисёр медонистам, ҳанӯз замони мактабхонӣ аз ҳунармандон оҳангҳои эҷодкардаи ӯро шунида, мафтуни ҳунари мусиқии ӯ будам. Вале шиносоӣ, чи тавре ки дар боло гуфтам, тавассути устод Табаров сурат гирифт. Дар набудани акаи Миратулло ҳам устод Табаров аз ӯ бисёр вақт ёдовар мешуд.
-Ба зодгоҳи Миратулло рафтан барои мо ид буд. Аз дуду чанги шаҳр озод шуда, ба деҳаи хеле дилкушову форам расидем. Ҳар амалу рафтори аъзои хонавода, аҳли деҳаи Ёхсу барои мо туҳфаи идона мегашт. Албатта, хӯрданиҳои зиёде омода мегашт, аммо медонед, бисёр вақт мо чӣ мехӯрдем? Барои мо, пеш аз ҳама, нони гарми орди осиёбӣ ғизои азизтарин буд. Дар назари ман, чунин меомад, ки дар хонадони онҳо тамоми рӯз нони гарм мепухтанд. Нони гармро дар косаи оби чашма тар карда хӯрдан, аҷаб ҳаловате дорад. Кӯдакони хонаводаву ҳамсояҳо дар гирди мо ҷамъ мешуданд. Миратулло нони аввалро шикаста ба онҳо медод. Онҳо серанд, иштиҳо надоранд, ҳам шарм мекунанд, нон дар дасташон ҳайрон-ҳайрон ба сӯи мо нигоҳ мекунанд. Вале вақте ки бо иштиҳо нонхӯрии моро медиданд, гумон мекунанд, ки мусобика аст. Ба қиву чув медароянд. Мехоҳанд аз мо пеш гузаранд. Бо диққат тамошо кардани ин саҳна чашмони маро ба дард меорад. Вале Миратулло ба завқ онҳоро гӯш мекунад. Ба рӯи онҳо нигоҳ намекунад, ки бачаҳо нашарманд. Гӯш медиҳад, ба фикрам барои оҳанги наваш авҷу гардиши тоза меҷӯяд.
- Миратулло Атоев якчанд духтар дошту орзуи писардор шуданро мекард. Ба амакаш, ки барояш ҳукми падарӣ ҳам дошт, рӯ оварда мегуфт: Хонаат пури гандум, маро чӣ хел зан додӣ, ки як бача барои ман наовард? Ин суханро ӯ, албатта, ба тарзи шӯхӣ мегуфт, вале маълум буд, ки дилаш дар ин бобат реш аст. Вақте ки худам писари ягонаамро аз даст додаам, медонам, ки чӣ қадар сахт аст. Ҳарчанд духтарҳои ӯ ва гулрухони ман аз писарон камӣ надоранд, боз ҳам писар посбони хонадон мемонад.
Устод Табаров дӯстони бисёре дорад, баъзеҳояшон дунёро падруд гуфтанд. Онҳоро ба некӣ ёд мекунад, вале вақте аз Миратулло Атоев сухан мегӯяд, ӯро ҳузни бештаре фаро мегирад. Маъюс мешавад, то хеле вақт ханда аз лабонаш дур мегардад.
Устод Табаров соле камаш ду бор ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Миратулло Атоев дар шаҳри Душанбе меравад. Дар саҳни он қадам мезанад, гӯё ҳавлии бастакор бошад, дар назди силуэти бари девор лаҳзае таваққуф мекунад, гӯё бо ӯ ҳарф мезанад.
Охири гап, ҳамон сухани Саъдӣ аст, дар кадом шакле истифода барем, дуруст аст: Азиз аст дӯсте, ки бародарӣ кунад.
Ҷамшед ИСМОИЛОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр