Нашрияи Омӯзгор

Абру борону туман дар як лаҳза…

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Тағирёбии обу ҳаво ба  ҳодисаҳои дигари табиат вобастагӣ дорад.  Масъалаи  ҳарорати ҳаво аз сифр паст ё баланд гардад, фишори атмосфера  ҳам, албатта, тағйир меёбад. Мо хуб медонем, ки ҳаракати бод обу ҳавои ҳар як маҳалро ба кулли тағйир медиҳад.

Хуб мешуд, ки ҳар як хонанда  мустақилона  табиати муҳити зисти худро  мушоҳида намояд. Муаллим ҳар моҳ  натиҷаи  мушоҳидаҳоро  ҷамъбаст менамояд ва онро хонандагон  худ низ меомӯзанд. Ба ин тариқ  хонандагон тадриҷан ба мушоҳидаи  табиат одат  ва аз ҳар  як таҷриба хулосабарорӣ мекунанд. Баҳри ташкилу гузаронидани қисме аз таҷрибаҳо асбобҳои мураккаб лозим ҳам нестанд. Шароит барои  гузаронидани таҷрибаҳои географӣ дар ҳамаи муасисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  қариб як хел аст. Мехоҳам, ки  мушоҳидаҳоро  оид  ба  баъзе  ҳолатҳои корӣ, ки дар муассиса мегузаронам, пешкаши омӯзгорон гардонам.

Асоси   ҳосилшавии

туман,  абр ва борон

Дар зарфи шишагӣ оби нисбатан гарм гирифта мешавад, ба болои он зарфи тунуки шишагии яхдорро мегузорем Пас аз якчанд дақиқа  дар дохили  зарфи шишагин туман  пайдо  мешавад ва дар рӯи лагани яхдор қатраҳои об пайдо шуда, ба рӯи оби зарф борон меборад.

Роҳҳои чен кардани  теппа.

Ду фанери ҳаҷмаш 10х15 см-ро  мегирем. Дар байни ду фанер қоғазҳои  картони ба шакли ҷадвал  буридашударо  ширеш мекунем. Дарози қоғазҳои  буридашуда 15-20 см,  барашон  4,5 см .

Дар  вақти  фишори тарафҳо  картони  ҷадвалшакл  чен карда  мешавад.

Роҳҳои омӯхтани  қобилияти об, нигоҳдории ҷинсҳои куҳӣ

Асосан оид  ба ин кор се  шишаи одиро гирифта, даҳонаки  варонкаро маҳкам мекунем. Дар яке рег, дар дигаре шағал, дар сеюмин гил  меандозем. Ба  рӯи  ҷинсҳои кӯҳии  даруни  шиша об меандозем. Ва мебинем, ки  аз се намуди  ҷинси кӯҳӣ  кадомашон тезтар ва кадомашон  сусттар обро  аз худ  мегузаронанд.

Он  ҷинси  кӯҳие, ки обро аз худ суст  мегузаронад, қабати обгузарон ном  дорад.

Ҳарорат вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Ин таҷриба ҳам дар ҳавои кушод мегузарад. Бо хонандагон як асбоби ҳароратсанҷро ба сатҳи хок, дигарашро дар шохи дарахт ва сеюмашро дар баландии 5,6 метр мегузорем. Баъди 40 – 50 дақиқа ҳар як  нишондоди  ҳароратсанҷро  навишта  мегирем  ва  сабаби тағйирёбии  ҳароратро  муҳокима  мекунем.  Чунин таҷрибаҳоро дар мавзӯъҳои дарёҳо, кӯлҳо ва ҷоришавии он дар маҳалҳо гузаронидан мумкин аст.

 

Саймурод Одинаев

мушовири шуъбаи

маорифи  ноҳияи Восеъ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш