Нашрияи Омӯзгор

Ин аст эҷодкорӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Зулфия Султонова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ки 16 сол собиқаи корӣ дошта, муаллифи чандин мақолаву лавҳа, шеъру тарона ҳаст, чанд вақт боз ҳамкори мост. Се китоби ӯ бо номи ,,Розҳои нуҳуфта”, ,,Афсонаҳои Кайҳон” ва “Ҳарфҳои сухангӯй”  аслан, барои омӯзгорон эҷод шудаанд. Мо дар дарсҳои худ аз ин китобҳо, аз бозиҳое, ки дар онҳо ҷой дода шудаанд, аз  шеъру навиштаҳои бамаънияш бамаврид истифода мебарем. Ва мебинем, ки истифодаи онҳо дар натиҷагирии дониши шогирдон чӣ қадар ба мо кумак мекунанд.

Фарз кардем, ки дар вақти гузаштани овози ҳарфи М расми моҳиро кашида, онро ба 4 ҳиссаи баробар тақсим карда номашро менависем. Хонандаи якум пораи ҳарфи М-доштаро оварда дар тахтаи синф часпонда мегӯяд:

М як ҳарфи танҳо буд.

Як ҳарфи бемаъно буд.

Хонандаи дуюм пораи ҳарфи О-ро оварда дар болои М часпонда мегӯяд: 

Рӯзе ҳамроҳи О шуд,

МО шуд, каме фаҳмо шуд.

Хонандаи сеюм ҳарфи Ҳ-ро оварда, ба он ҳамроҳ мекунаду мегӯяд:

Вақте бо Ҳ шуд ҳамроҳ

Олам равшан гашт аз МОҲ.

Хонандаи чорум қисми дигари моҳиро, ки ҳарфи ӣ дошт, оварда часпонда мегӯяд:

Вай бо як ӣ МОҲӢ шуд

Сӯйи дарё роҳӣ шуд.

  Муаллима: - Чӣ тайёр шуд? Бачаҳо: – Моҳӣ.

- Моҳӣ дар кучо зиндагонӣ мекунад?

- Дар об...

- Дар охири калима чӣ омадааст?

-  Ӣ –и тоҷдор.

-  Бо ӣ –и тоҷдор ҳамакаса шеър хонед.

Ҳама баробар мехонанд:

Ӣ –ҳарфи тоҷдор аст,

Бо тоҷи худ номдор аст.

Танҳо ҷояш дар охир

Донистанат даркор аст.

Аз ин шеър дар зеҳни хонандагон танҳо дар охири калима истифода шудани ҳарфи ӣ хубтар ҷо мегирад. Сипас, ба шогирдон супориш медиҳам, ки аз ҳарфҳои дигар калимаҳое  созанд, ки дар охир ҳарфи ӣ дошта бошанд.  Бачаҳо зуд ба иҷрои супориш мегузаранду менависанд: тоқӣ, шоҳӣ, сиёсӣ, тӯтӣ ва ғайра.

Ба ин тариқ, дар гузаштани ҳарфҳо мо аз ин китоби муаллима хуб истифода мебарем ва натиҷаи дилхоҳро ҳам соҳиб мешавем. Барои он ки дарс шавқовар гузарад ва хонандагон мондашавиро ҳис накунанд, чунин бозиҳо хеле муфиданд.

Азалбегим ШОГУНБЕКОВА,

омӯзгори мактаби

№ 16-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш