Нашрияи Омӯзгор

Тарбия  бетарафиро намеписандад  

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Беш аз даҳ сол  боз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор дорад, ки зимни он авзои маорифи кишвар дар самти таълиму тарбияи насли наврас куллан дигаргун гашта, дар ин ҷода натиҷаҳои бемисл ба даст оварда шуданд.

Тавассути ин санади ҳуқуқӣ мақоми оила, маданияти педагогӣ ва имкониятҳои тарбиявии падару модарон боло рафт.

Тибқи қонуни  зикргардида  падару модарон уҳдадоранд, ки фарзанд-ро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё  созанд. Вале то кунун оилаҳое  пайдо мешаванд, ки ба ин масъалаи  муҳимтарини ҷомеа  аҳамият намедиҳанд. Бисёр оилаҳоеро, чи дар шаҳр ва чи дар деҳот, ба мушоҳида гирифтаам, ки хонаҳои боҳашамати бо тамоми ҷиҳози ҳозиразамони гаронарзиш муҷаҳҳаз, мошину ҳавлиҳои барҳаво доранду барои дарстайёркунии фарзандонашон хонаи алоҳида он тараф истад, мизу курсӣ, китобҳои бадеию воситаҳои ёрирасони таълимӣ надоранд, гӯшаеро ҳам барои фарзандон  муҳайё накардаанд.

Ҳоло ҳам падару модароне ёфт мешаванд, ки «Вазифаи мо фарзандонро пӯшондану хӯрондан, ба тарбияи онҳо бигузор мактаб машғул шавад», - гӯён даъво менамоянд.

Дар хотир дорам, ки дар даврони Шӯравӣ дар назди мактабҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ университетҳои халқии донишҳои педагогӣ барои падару модарон ташкил  шуда буд. Падари  бузургворам, ки директори мактаби деҳаамон буданд, ба сифати воиз (лектор) дар ҳамин университет бо масъулияти том фаъолият намуда, моҳе як маротиба доир ба яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини проблемаи таълиму тарбия дар байни падару модарон баромад мекарданд.

Манфиатнок мебуд, агар муассисаҳои таҳсилоти умумии муосир низ вобаста ба проблемаҳои мавҷудаи минтақаи мактаб чунин шаклҳои тарғиби донишҳои педагогиро ба роҳ мемонданд. Роҳандозӣ намудани ин усул ва дигар шеваҳои ба ин монанд ба омӯзгорон, роҳбарони синф ва роҳбарони муассисаҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти педагогии худро ба муҳимтарин тарафҳои тарбияи оилавӣ равона намоянд.

Саврибегим ГУЛМИРЗОЕВА,

муовини  директор оид ба 

тарбияи коллеҷи муҳандисию

омӯзгории шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш