Китоби рӯзноманигори шинохта Шарифи Ҳамдампур бо номи «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» аз чоп баромад, ки дар он аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҳикоятҳо оварда шудааст.
Муаллиф фаъолияти сиёсатмадори варзида ва олими пуркору ҷасурро, ки ҳастии худро барои муаррифии миллату давлати хеш бахшидааст, аз чанд зовия мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф воқеаҳоро бо такя аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Б. Ғафуров ва бойгониҳо солҳои гуногун баён кардааст. Дар китоб на танҳо хидматҳои мондагору созандаи академик Б. Ғафуров нишон, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих бардошта шудааст. Аз мутолиаи китоби мазкур бармеояд, ки рӯзноманигор Ш. Ҳамдампур ҳаёту фаъолияти ин абармарди дунёи сиёсатро солҳо пайгирӣ намуда, маводи фаровон гирд овардааст, ки аҳамияти тарбиявию таърихӣ доранд.
Дар асар чеҳраи қаҳрамон зина ба зина кушода шуда, дар бораи фаъолияти рӯзноманигорӣ, муҳаққиқӣ, роҳбарӣ, одамгарию шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров сухан меравад. Ба таъкиди муаллиф, «соли 1931 ӯро (Бобоҷон Ғафуров – Н. О.) барои таҳсил ба Университети умумииттифоқии коммунистии журналистии Маскав мефиристанд, ки онро соли 1935 хатм мекунад. Ӯ яке аз аввалин рӯзноманигорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гардид. Вай баъди хатми университет ба Тоҷикистон баргашта, дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тожикистон» аввал ҷонишини сармуҳаррир, баъд иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир таъин мешавад».
Аз таърих медонем, ки солҳои бистуму сиюми асри гузашта баҳсҳои зиёде оид ба миллати тоҷик ба миён омада буд ва баъзе аз олимон ҳақиқати таърихро таҳриф кардан хоста, мекӯшиданд исбот намоянд, ки бо номи тоҷик дар Осиёи Миёна халқе вуҷуд надорад. Ин андеша қисме аз аҳли фарҳанг ва сиёсатмадорони тоҷикро ором намегузошт. Барои исботи он ки воқеан, миллати тоҷик таърихи бою фарҳанги ғанӣ дорад, нафаре лозим буд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ намояд. Дар ин масъала аввалин шуда устод Айнӣ таваҷҷуҳ намуда, китоби арзишманди «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мақолаҳои дигари илмиро навишта буд. Муаррихи варзида, академик Б. Ғафуровро фикру андешаи навиштани китоб оид ба таърихи халқи тоҷик ором намегузошт. Ба таъкиди муаллиф, «Бобоҷон Ғафуров бо ҳамкории Н. Прохоров таълифи нахустин асари мукаммали таърихӣ – «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти миллии ватани худ»-ро ба анҷом мерасонад. Китоби мазкур 9 майи соли 1944 дар Институти таърихи Академияи илмҳои СССР мавриди баррасӣ қарор мегирад… Нашри китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуров низ дучори мушкилот мегардад».
Бояд гуфт, ки китоби «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» дар илми тоҷикшиносӣ асари нав мебошад, зеро дар баробари кушодани симои қаҳрамон, инчунин, хидматҳои академик Б. Ғафуров дар собит намудани миллати тоҷик мушаххас гардидааст. Ба таъкиди муаллиф, соли 1941 сухани Иосиф Сталин дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав ҷон дар тани тоҷикон ва кайк дар бадани душманон мегардад:
«Ман мехоҳам дар бораи тоҷикон чанд сухан бигӯям.
Тоҷикони мардуми хос мебошанд. Онҳо на ӯзбаканд, на қазоқ ва қирғиз, онҳо тоҷиканд ва аз қадимтарин мардумон дар Осиёи Миёнаанд. «Тоҷик, яъне соҳиби тоҷ», онҳоро эрониён чунин меноманд ва тоҷикон ба ин ном сазоворанд…».
Инчунин, аввалин суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Иосиф Сталин оварда шудааст. Аз раванди суҳбат бармеояд, ки Б. Ғафуров андешаву пешниҳодҳояшро, ки бевосити ба рушди ҷумҳурӣ нигаронида шуда буданд, баён мекунад.
Ҳамчунин, дар китоб оид ба сифатҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров сухан меравад. Бояд гуфт, ки Б. Ғафуров аз соли 1946 то соли 1956 дар вазифаи Котиби якуми КМ Партияи коммунистии Тоҷикистон кор кардааст. Дар ин давра ӯ тавонист шахсони фарҳангиву олимони барҷастаро дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гирд оварда, дар рушди илму фарҳанг ва пешрафти кишвар хизмати босазо кунад.
Марҳалаи дигар фаъолият дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС мебошад. Бобоҷон Ғафуров аз соли 1956 то охири умраш дар вазифаи директори институти мазкур кор карда, маҳз дар ҳамин давра шоҳасари хеш – «Тоҷикон»-ро навишт. «Таърих кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат ва матонат дошта бошад», - мегӯяд академики АИ ИҷШС Григорий Максимович Бонгард-Левин. «Нуфуз ва эътибори байналхалқӣ пайдо кардани Институти шарқшиносӣ самараи ҷуръат, вусъати назар, сиёсатмадорӣ ва истеъдоди баланди созмондиҳии Бобоҷон Ғафуров гашт», - омадааст дар китоб. Шоистаи таъкид аст, ки асари «Тоҷикон» шоҳкории Бобоҷон Ғафуров дар шинохти миллати тоҷик мебошад. Маҳз асари мазкур муҳри хомӯширо бар даҳони хоинони миллат зад. Ба таъкиди Ш. Ҳамдампур, «Тоҷикон» чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асари безавол ва меҳнати беш аз сисолаи академик Ғафуров аст. Ҷиддан ба таърих рӯй овардани Бобоҷон Ғафуров аз соли 1939 ибтидо мегирад. Соли 1972 китоби «Тоҷикон» дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав чоп мешавад. Олимони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамон сол дар конференсияи ЮНЕСКО оид ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қарнҳои XIX-XX, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гашта буд, аввалин шуда, ин китобро ба даст мегиранд. «Тоҷикон» падидаи тозае дар илми таърихшиносӣ буд. Чопи онро олимон, ҳаводорони таърих бо кафкӯбӣ истиқбол мекунанд, душманони қудратманди китоб низ аз ноилоҷӣ дасти Бобоҷон Ғафуровро мефишоранд».
Китоби «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» аҳамияти баланди таърихиву тарбиявӣ дошта, ба омӯзгорону хонандагон ва доираи васеи аҳли илму адаб дастури муфид мебошад.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр